Ӯзбекистон якҷо бо Афғонистону Покистон роҳи нави оҳан месозад

Кишварҳои ОМ хароҷоти зиёди нақлиётӣ ва транзитиро таҳаммул мекунанд, ки ин нисбат ба хароҷоти кишварҳое,ки дорои дастрасии беавосита ба баҳр мебошанд, 2-3 маротиба зиёдтар аст.

2 феврал, дар шаҳри Тошканд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои муҳими байналмилалии молиявӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф — Кобул — Пешовар музокироти сатҳи баланди Узбакистон — Афғонистон — Покистон баргузор мешавад. Ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов, Афғонистон — вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар, Покистон — мушовири сарвазир Абдул Раззоқ Довуд роҳбарӣ мекунанд. Қайд карда мешавад, ки роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Сармоягузории Аврупо, Бонки Рушд, Бонки Маблағгузории Инфраструктурии Осиё, Корпоратсияи Байналмилалии Рушд (ИМА) ба лоиҳа таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карданд. Маълум аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба бандарҳои байналмилалии баҳрӣ мустақиман дастрасӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо хароҷоти зиёди нақлиётӣ ва транзитиро таҳаммул мекунанд, ки ин нисбат ба хароҷоти кишварҳои дорои дастрасии беавосита ба баҳр доранд, 2-3 маротиба зиёдтар аст. Сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф — Кобул — Пешовар вақт ва арзиши интиқоли молро байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо тавассути Осиёи Марказӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ҳамин тариқ, роҳи оҳани нав ба болоравии назарраси иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ, эҳёи нақши таърихии минтақа ҳамчун пуле, ки Аврупо ва Осиёро бо роҳи кӯтоҳтарини заминӣ мепайвандад, мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *