10, 5 сол зиндонӣ шудани модар барои ба танфурӯшӣ маҷбур кардани духтар

Дар Ӯзбекистон хонандаи синфи ҳафтум аз ноҳияи Бешариқро, ки модараш ба танфурӯшӣ маҷбур карда, ҳамлаш низ иҷборан сиқт карда шуд, ба мактаб-интернати махсуси шаҳри Қӯқанд фиристоданд.

Муовини раиси ҳукумати вилояти Фарғона Сайёра Олимова гуфт, тамоми афроде, ки дар қазияи ин духтари ноболиғ айбдор мешуданд, ҷазои муносиб гирифтанд.

«Сокини 39-солаи маҳаллӣ Фирӯза Давронова, ки духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, 10,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Бешариқ ҳамчунин сокинони деҳаи «Чорбоғтуронил» Шерзод Балибеков, Ҷасур Эргашев ва Эргашалӣ Сулаймоновро дар таҷовузи духтари ноболиғ айбдор ва 12 солӣ аз озодӣ маҳрум кард», — афзуд Олимова.

Ёдрас мешавем, 18 августи соли равон хабар доданд, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ҳамли як хонандаи синфи ҳафт, ки модараш ӯро ба танфурӯшӣ маҷбур карда буд, бо дастури мансабдорони маҳаллӣ сиқт карда шуд.

Ҳамчунин охирҳои моҳи август гуфтанд, ҳукумати ноҳияи Бешариқ аз расонидани кумаки моддӣ ба хонаводаи духтар худдорӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ноҳия хонаи духтарро таъмир доранд. Ин корҳо барои он анҷом дода мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ дар сурати боздиди мансабдорони Тошканд бигӯянд, модар ба хотири ниёзҳои моддӣ духтарашро ба танфурӯшӣ маҷбур накардааст», — гуфт як манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *