Душаҳрвандӣ барои вакилони парлумон ҷиноят эълом мешавад

Кумитаи дахлдори порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар пояи он, хидматчиёни давлатӣ ва вакилон барои доштани шаҳрвандии хориҷӣ, на танҳо аз мақом барканор, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ низ кашида хоҳанд шуд.

Яке аз муаллифони лоиҳа ва вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев гуфт, ин қонун бояд то интихоботи ояндаи порлумонии Қирғизистон дар соли 2020 қабул карда шавад.

«Қонун ба шахсоне рабт дорад, ки мансабҳои сиёсӣ доранд. Агар маълум шавад, ки мансабдоре шаҳрвандии дувуми худро пинҳон мекунад, аз 250 то 300 ҳазор сом (беш аз 3600 доллар) ҷарима хоҳад шуд», — изҳор дошт Бекешев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар қонунгузории Қирғизистон барои доштани душаҳрвандӣ ҷазое пешбинӣ нашудааст.

Қирғизистон бо ягон кишвари дунё дар бораи душаҳрвандӣ созишномае имзо накардааст. Бар асоси қонун, шаҳрванди хориҷӣ наметавонад дар ин кишвар вакили порлумон интихоб ва вазир, раҳбар ё корманди ниҳодҳои қудратӣ таъйин шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *