Ғалабаи футболбозони тоҷик дар Малайзия

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозӣ рӯзи 30-юми сентябр дар даври чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия баргузор шуд. Инчунин, футболбозони навраси тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) шоми якшанбеи 30-юми сентябр дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум бозигари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Зоиров боз кард. Ӯ бо тӯб ба ҷаримагоҳи кореягиҳо ворид шуда, зуд зарба зад. Тӯб ба тӯри дарвозаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ ворид гашт.

Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони навраси тоҷик ба поён расид. Дар нимаи дувуми бозӣ Ри Ҳун, узви дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахту нишонрас аз масофаи тахминан 20 метр ҳисобро баробар намуд.

 

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов, ки се тӯби задаи бозигарони мунтахаби Кореяи Шимолиро баргардонд, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Дар бозии дигари чорякниҳоӣ, ки 30-юми сентябр дар шаҳри Куала-Лумпур, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил, барпо гардид, мунтахаби Ҷопон бар тими Умон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду бозии дигари чорякниҳоӣ рӯзи 1-уми октябр миёни дастаҳои Индонезия – Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон баргузор
мешавад.Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинал 4-уми октябр дар дар варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая» бо ғолиби ҷуфти Кореяи
Ҷанубӣ/Ҳиндустон рақобат мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил барпо мегардад, мунтахаби Ҷопон бо ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия рӯбарӯ мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *