10 дузди Корвон дар боздоштгоҳ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи даҳнафараеро боздошт кардааст, ки шаби 2 июл бо истифода аз сӯхтор даст ба дуздии моли тоҷирон задаанд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтиши пешакӣ мушаххас кардааст, ки дар соатҳои сӯхтори шадид дар бозори азими молу маҳсулоти «Корвон», гурӯҳе талош дошт моли боқимондаи тоҷиронро ба яғмо барад. Бо гумони даст доштан дар дуздӣ як гурӯҳи даҳнафараи сокинон боздошт шуд.
Сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки дар сурати исбот шудани нақши ин афрод дар ғорати моли бозор, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз хоҳад шуд. Сӯхтори беш аз 280 дӯкони молу маҳсулот дар бозори «Корвон» шоми 2 июл боиси талафоти зиёди пуливу молии тоҷирон шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ