Гиппократро пушти по заду 4,5 сол зиндонӣ шуд

Мудири собиқи маркази бемориҳои кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд барои сарпечӣ аз расондани ёрии тиббӣ ба як кӯдак, ки модараш «ҳаққ”-и ӯро дода натавонист, ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин кудаки яксола як рӯз баъди ин ҳодиса вафот кардааст.

Х.А. баъди адои ҳукми зиндонаш боз 3 соли дигар ҳаққи таъйин шудан ба мансабҳои раҳбарӣ ва машғул шудан ба касби табибиро нахоҳад дошт.Ба зидди Х.А. бо иттизоми хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои касбиаш парвандаи ҷиноӣ кушода шуда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи хунукназарии табиб як кӯдаки яксола вафот кардааст.

Моҳи майи соли равон С.К., як зан аз ноҳияи Панҷакент бо кӯдаки яксолааш, ки таби баланд дошт, ба Маркази ҳамкорӣ ва пешгирии бемориҳои кӯдаконаи бемористони кӯдакони шаҳри Хуҷанд барои кумак муроҷиат кардааст.

Вале табиб ҳатто аз гузарондани сӯзандору бо дури пастфарорандаи таб ба ин кӯдак сарпечӣ кардааст. Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки сабаби сарпечӣ ин будааст, ки модари кӯдак ҳамроҳаш пуле надошт, то «ҳаққ”-ии Х.А.-ро пардохт кунад.

Як рӯз баъд ин кӯдаки маъсум, ки аз ёрии тиббӣ маҳрум монда буд, аз олам чашм пӯшидааст.Қасами Гиппократ қурбони  пул шуд.

Волидони ӯ баъди марги ҷигарбандашон аз болои табиб шикоят навиштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *