10 патенти олимони АМИТ барои ихтироот

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10 патенту нахустпатент барои ихтироот ба даст оварда шудааст.

Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 4 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот гирифта шуд. Дар ин давра олимон аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ фаъолиятро идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *