Ҷамолиддин Абдуллозода

Вазир норасоии табибонро шарҳ дод

Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон норасоии бархе аз мутахассисон ҷой доштааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар кишвар 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасад. Абдуллозода норасоии табибонро дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тавзеҳ дода, гуфт, ки аз ҷумла дар Душанбе 49 табиб ва 35 ҳамшираи тиб намерасад.

— Норасоии табибон дар вилояти Хатлон ба 788 табиб баробар буда, масъалаи норасоии ҳамшираи шафқат дар вилоят пурра ҳал шудааст,- гуфт вазир.

Вилояти Суғд ба 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 412 табибу 319 ҳамшираи шафқат ниёз доранд. Илова бар ин, дар муассисаҳои хусусӣ 149 пизишк ва 67 ҳамшира низ намерасанд.

Ӯ гуфт, ки ба табибони баъзе ихтисосҳо дар дигар кишварҳо низ талабот зиёд аст ва барои ҳамин қисме аз мутахассисон ба муҳоҷират мераванд. Дар феҳрасти чунин мутахассисон аз ҷумла духтурони оилавӣ, терапевт, кардиолог, реанематолог, момодоя ва ғайра ном бурда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *