Дар шумораи №32-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Падарам аз духтаронаш гурехт”, “Зиндагии мо ҳалол аст?”, “Духтари ғайбатчиро чӣ гуна ҷазо диҳем?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Пойафзоли нав харидан дар хоб” ва “Зани ҳомила мошин хоб бинад, чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон, дар саҳифаи мазкур маводи тарбиявӣ дар бобати он ки зану мард бояд чӣ гуна ҳамсафари ҳаётии худро интихоб кунанд, таҳти унвони “Роҳҳои интихоби ҳамсар” дарҷ гардидааст.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Барои фарзандхондӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?” ва “Ҳангоми фарзандхондкунӣ розигии кӯдак лозим аст?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти зане рӯи коғаз оварда шудааст, ки 16 сол қабл духтарчаи 3-солаашро дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Файзобод гум кардааст ва то ба имрӯз боварӣ дорад, ки фарзандашро пайдо мекунад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Ҳоли дил”-и Валиҷону Зулайхо то бозхонии “Фариштамоҳ”-и Баҳром Ғафурӣ” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи ҳунарманди хушсадо Зебо Нурова таҳти сарлавҳаи “Аз саҳна дуру ба дилҳо наздик будам” пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.

Зери рубрикаи “Асрори зебоӣ” дар матлаби “5 қоидаи пардози тобистона” оид ба нигоҳубини пӯсти рӯй дар фасли тобистон тавсияҳои муфид дода шудааст.

“Арӯс аз партовгоҳ” бисёр қиссаи ҷолиб буда, сарнавишти пурмоҷарои мардеро таҷассум менамояд, ки бо зани русе оиладор шуда, дучори хиёнату беадолатӣ мегардад. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст. 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *