10 соли зиндон барои беҳиҷобӣ дар Эрон

Мақомоти Эрон қонунеро тасвиб кард, ки барои заноне, ки ҳиҷоб надоранд, 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

— Парлумони Эрон тарҳи қонун дар бораи ҳиҷоб ва иффатро тасвиб кард, ки бар асоси он заноне, ки шеваи либоси исломиро «масхара мекунанд», 10 соли зиндон пешбинӣ мешавад,- хабар медиҳад The ​​Guardian.

Ба ин санад 152 вакил тарафдор ва 34 нафар мухолиф овоз додаанд. Акнун лоиҳаи қонун бояд аз ҷониби Шӯрои нигаҳбон тасвиб шавад, ки баъд аз он эътибор пайдо мекунад.

Имрӯзҳо занонро пулис барои намуди зоҳирии аз нигоҳи мақомот номуносиб боздошт ва маҷбур ба пардохти ҷарима мекунанд.

Коршиносони ҳуқуқи башари СММ қонуни навро «мусоидат ба апартеиди гендерӣ» ва кӯшиши маҷбур кардани занон ба “мутеъи комил” унвон кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, сахттар кардани муҷозот барои надоштани ҳиҷоб назоратро бар риояи аҳкоми динӣ тақвият хоҳад дод. Пас аз эътирозҳое, ки дар тирамоҳи соли 2022 кишварро фаро гирифт, бисёре аз занони эронӣ ба пӯшидани рӯймол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нодида гирифтанд. Тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳоло тақрибан 20 дарсади занон дар Ҷумҳурии Исломӣ бо сари луч, бо ҷинс ва дигар либосҳои шабеҳ ба кӯчаҳо мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *