Аз таҳти дил бихандед!
Майи сурх
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
– Як пиёла майи сурх умри инсонро 5 сол дароз мекардааст…
Шавҳар мегӯяд:
– Лола, ту аллакай шишаи панҷумро тамом кардӣ!
Зан мегӯяд:
– Ман ҷовидона зистан мехоҳам…
Пул
Бемор ба духтур мегӯяд:
– Духтурҷон, ман зистан мехоҳам. Ба ман кумак кунед!
Духтур мепурсад:
– Шумо пул доред?
Бемор мегӯяд:
– Не, надорам.
Духтур ин дафъа мегӯяд:
– Пул ки надошта бошед, чунин зиндагӣ ба шумо чӣ даркор?
Муноқиша
Зан шавҳарашро аз хона ронда, аз пасаш фарёд мекунад:
– Илоҳо тамоми умр азоб кашида, мурӣ!
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Сарвиноз, ман нафаҳмидам, ту маро аз нав ба хона даъват дорӣ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ