10 тоҷикро дар Туркиия боздошт карданд

Даҳ шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як зан ва панҷ кӯдак, бо гумони бозгашт аз майдонҳои ҷанги Сурия дар Туркия боздошт шудаанд.

Мақомоти Туркия алайҳи чаҳор марди тоҷик, ки ҳоло дар зиндони шаҳри Измир нигаҳдорӣ мешаванд, бо иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Зан бо панҷ фарзандаш, ки ҳамсари яке аз ин боздоштшудаҳост, дар шаҳри Истанбул дар як паноҳгоҳ қарор дорад.

Инҷо кори муваққатӣ доштам ва ҳуҷҷат ҳам намедоданд. Гуфтам, ки ҳамкоронамро нишон медиҳам, онҳо шоҳидӣ медиҳанд, лекин инро ба назар намегиранд.
Туркия ин афродро дар ҳоле боздошт кард, ки гурӯҳи даҳшатфакани “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ қаламравҳояшро тақрибан аз даст дод ва тибқи баъзе маълумот, пас аз суқути Дайр-аз-Зур, аъзои он дар даштҳо пароканда шудаанд. Ба гуфтаи коршиносони умури экстремизм, эҳтимол онҳо талош мекунанд, ки худро ба Туркия расонанд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки иштироки боздоштшудаҳо дар ҷангҳои Сурия таҳқиқ мешавад ва дар сурати исбот, онҳо ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *