Сора Сукут — Эрон

Нуқтаҳои шеър

С…с…с…с…с…

Сукут буд,

Ҷамъият нишаст,

Ту истодӣ рӯйи хат,

Ва нуқтаи аввал гузошта шуд.

Калима аз они ту буд,

Ва ман барои навиштан омада будам.

Омада будам туро биоварам,

Ба омадани худам муаррифиат кунам.

Туро дар хафо бояд меёфтам,

Туро дар танҳоӣ,

Эй танҳоӣ, ки танҳоиат бузургтар аз калима буд.

Туро истода миёнӣ оҳангҳо,

Гум шуда дар миёнӣ иборот,

Бояд меёфтам, меовардам ба омадан,

Ва дастатро мегузоштам рӯй нуқтаҳоям.

То овоҳо дар ман шакл бигиранд,

о ,о ,о , оҳ,

Ба забон омадам,

Ва нуқтаи дувум гузошта шуд,

С…с…с…с…с…

Нуқта ба нуқта агар пеш меомадам,

Нуқта ба нуқта агар мечидам,

Ва мерасидам ба нуқтаи Чин,

Фикр мекунӣ ба чанд нуқта мерасидам.

Пеш аз он ки ба ту бирасам,

С…с…с…с…с…

Ба ҷойи танҳоии нуқта,

Ба ҷойи парешонии тани нуқта,

Ба ҷойи ишқи нуқта,

Ба ҷойи бӯсаҳоят нуқта, нуқта, нуқта,

Ба ҷойи ахмҳоят нуқта,

Ба ҷои қаҳрҳоят нуқта,

Ба ҷойи оғӯши ғоибат…

Ба ҷойи бӯсаҳоям нуқта, нуқта, нуқта,

Ва магар дунё аз се нуқта бар мегардад,

Ва магар шеър аз се нуқта хаста мешавад.

Ва магар дӯст доштан дар се нуқта ақим мешавад,

Агар, ки нуқта бигзорам ба ҷойи тугмаҳои пероҳанат?

С…с…с…с…с…

Лаб бар лабам, ки бигзорӣ девонаам,

С…с…с…с…с…

Лаб бар лабам, ки бигзорӣ аз калимот лаболабам.

Аз гуфтан чигуна боистам, эй истода бар калимот?

Ин гуна, ки аз гуфтан парам ҳамеша,

Ин гуна, ки аз нигоҳ парӣ ҳамеша,

Нуқта, нуқта, нуқта.

Эй нигоҳҳоят лакҳои рӯйи пероҳанам,

Эй нигоҳҳоят хунмурдагиҳои рӯйи гарданам,

Нуқта, нуқта, нуқта.

Аз нуқтаҳои ин шеър чигуна мехоҳӣ бигзарӣ?

Мегзарӣ?

Мехоҳӣ?

Аз нуқтаҳои ин шеър чигуна мехоҳам бигзарам?

Бигзарам?

Мехоҳам …

Ки аз калимот лаболабам.

Ва сукут танҳо гурезгоҳи туст аз девонагии ман?

Сукут танҳо гурезгоҳи ту нест аз девонагият?

Як лаҳза агар аз они ман будӣ, як умр аз они манӣ.

Аз ман чигуна мехоҳӣ бигрезӣ, ки намешавад?

Аз ту чигуна мехоҳам бигрезам?

Мешавад?

С…с…с…с…с…

Лаб бар лабам, ки бигзор…

***

  Бод дар наргисзор

Дил зада аз дарё ба дарё,

Пӯсти чуруки тираамро бикашам ба тор.

Дастҳоямро қаиқ кунам зери ашкҳоям,

Ва наргисҳои бебӯйи Торонторо бияндозам,

Ба оби рӯдхонаи хушк.

Гуфтам мусофир бармегардад, модарҷон,

Дурӯғгӯйи ҳазине будам,

Ва гуфтам мусофир бар мегардад.

Ҳоло ду рӯдхона рӯйи гунаи ман,

Ҳоло ду роҳ ширӣ зери пистонҳоям – хушк,

Ҳоло даҳони бози наргисҳо дар хонаи модарбузург,

Дар гулдонҳои ҷангзадааш,

Бо даҳон гуруснаи замин чӣ кунем,

Дидӣ даҳони бози замин баста шуд.

Ва чизе аз манро балъид,

Ҳоло ман ба чизе аз ман,

Ҳоло даҳон бози наргисҳо,

Ва раг кардани соз зери ангуштҳои хотираам,

“Шўр назан модар, шират хушк мешавад”.

Эй марги аз раги гардан ба мо наздиктар,

Биё, ба наргисзор,

Зери чор қади модарбузургам, биё ба наргисзор.

Ва мӯйҳои ҳиноии Шерозро бибўй,

Кӯдакии мафқудуаласарамро,

Арӯсаки якдасти дарбадарамро,

Биёр ба наргисзор ва бигӯ,

Бигӯ, мусофир бармегардад.

Ҳамеша мегуфтӣ мусофир бармегардад, модарҷон,

Сар гузошта аз беобон ба биёбон.

Шаҳривари дурӯғгӯи ҳазине будам,

Ва гуфтам мусофир бармегардад.

Ҳоло даҳони гаси тақвимҳо,

Даҳони хуни хотироти рӯйи хиёбон,

Тани таркишхӯрдаи балкони модарбузург,

Ва мавҷе, ки аз ман барнагашта ба ту баргашта (мавҷе).

Ва дурӯғ, ки аз ҳар даҳоне берун бирезад дурӯғ аст.

ساره سکوت — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *