100 000 доллар мукофоти Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футзали Тоҷикистон
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 баҳои баланд дод.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бор дар таърихи худ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Барои ин комёбӣ раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футзали кишвар ҳамчун мукофотпулӣ 100 ҳазор доллар ҷудо кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ