Ба шаҳрвандони Тоҷикистон: Ба Русия муваққатан сафар накунед!

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ки бидуни зарурат муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ намоянд.

Ин баёнияи вазорат шоми 27-уми апрел нашр шудааст.

«Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тависия медиҳем, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақатан худдорӣ намоянд», -иттилоъ медиҳад вазорат.

Ин тавсия дар пайи шикояти даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки натавонистанд тавассути сарҳади Қазоқистон вориди Русия шаванд, садо медиҳад.

Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистонро даъват ва нигаронии худро низ  изҳор дошт.

Гуфта мешавад, ки чанд рӯзи лхир беш аз 800 шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии фурудгоҳи Внуковои Маскав ҷамъ омадаанд, ки ба далоили номаълум иҷозаи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд. Дар давоми рӯзи 27-уми апрел ба ягон шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Русияро надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *