100 миллион доллар қарз ба соҳибкорон
Ӯзбекистон ният дорад, ба соҳибкорони Қирғизистон 100 миллион доллар қарз бидиҳад. Дар ин бора вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои воридоти маҳсулоти ӯзбекӣ ҷудо мешавад.
«Ҳамаи қарзи мазкур тавассути муассисаҳои молӣ мегузарад, ҳукумат дар мавриди ин қарзҳо ҳеч масъулияте нахоҳад дошт. Ба ҷуз ин, ҷузъиёти қарз миёни ду кишвар дар як шартномаи алоҳида баррасӣ мешавад», — гуфт вазир.
Муҳлат ва шарти гирифтани қарзро вай шарҳ надод.
13-14 декабр президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон рафт. Аъзои ҳукумат, вакилон, кормандони дастгоҳи президент ва тоҷирон Ҷээнбековро дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ