«Помирэнерҷӣ» дарси шоҳмотро дар мактабҳои Бадахшон ҷорӣ кард

Мусобиқаи шоҳмотбозони беҳтарини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои соҳиб шудан ба Ҷоми Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарқ Ко» дар меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Сардовари мусобиқа Вафо Нурмамадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, ки  дар мусобиқа 60 нафар шоҳмотбозон ширкат намуданд. Ҷолибтар  он аст, ки дар мусобиқаи  имсола шоҳмотбозон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва  донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон, ки  дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд, ширкат варзиданд.

Ба иттилои сардовар, мусобиқаи имсола исбот намуда, ки сол ба сол маҳорату лаёқати  шоҳмотбозон баланд мешавад ва  онҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мебошанд.

Ҳамчунин, бинобар гуфтаи  Вафо Нурмамадов, бо кумаки ширкати барқии  «Помирэнерҷӣ» беш аз 6 сол аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дарси шоҳмот роҳандозӣ шудааст, ки ин  ба рушд ва такомули истеъдоди шоҳмотбозон  кумаки беандоза мерасонад.

Мувофиқи ҳисоби доварон ҷои аввалро бо касби 7,5 хол шоҳмотбози маъруфи вилоят, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  Олуча Ҷумъаев соҳиб шуд. Мақоми дуюмро  Хусрав Ҷумъаев ва ҷои сеюмро Тоҳир Мақсудшоев ишғол намуданд. Ба ғолибони мусобиқа Ҷоми ширкати «Шарқ Ко ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *