«Шералӣ Мӯсо» (Лионел Месси)

 дар як сония ба арзиши 2,2 евро футбол мебозад

Бошгоҳи «Барселона» бо ҳамлагар ва нишонзани рақами 1-и даста Лионел Месси барои то соли 2021 дар ҳаҷми 450 миллион евро шартнома ба имзо расондааст. Ба ин маблағ бонуси имзоии Лео (100 млн), маоши 70 млн евро барои ҳар як сол, инчунин маблағҳои пӯшонидани ҷаримаҳои андоз дохил мебошанд. Шартномаи нав ҳамчунин  ба Месси кафолат медиҳад, ки дар давоми сол  шарту шароиташ тағйир дода нашавад.

Ҳамин тавр, ҳолдонҳо ҳисоб карданд, ки Лионел Месси:

-дар як сол ба арзиши 70 миллион евро;

-дар як моҳ ба арзиши 5,8 миллион евро;

дар як ҳафта ба арзиши 1,35 миллион евро;

-дар як рӯз ба арзиши 192, 857 ҳазор евро;

-дар як соат ба арзиши 8,035 ҳазор евро;

— дар як дақиқа ба арзиши 133 евро;

-дар як сония ба арзиши 2,2 евро футбол мебозад.

Эзоҳ: Тарҷумаи Лионел Месси ба тоҷикӣ «Шералӣ Мӯсо» гуфтан аст. Зеро «лео» -шер», «ел» — «алӣ» ва «Месси»- «Мӯсо» маъно дорад. Хонандагони гиромӣ матлаби  мазкурро пурра дар шумораи 50-уми ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 13 декабри соли равон хонда метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *