100 млн юан. Имзои созишномаи нави Амонатбонк бо Бонки давлатии рушди Хитой

Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн бо як гуруҳ мутахассисони сатҳи баланди бонки мазкур ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ташриф оварданд. Ҳадаф ба имзо расонидани созишномаи нави қарзӣ мебошад.

Дар ин росто, 17-уми ноябри соли ҷорӣ мулоқоти раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ  ва Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи байнибонкӣ, ки аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст, ёдовар шуда, ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки дар давоми 15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллар, 1 Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ва 1 Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони Амонатбонк ба имзо расонида шудааст.

Сипас аз ҷониби Раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва Президенти Бонки давлатии рушди Хитой Тан Цзюн боз як созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 100 млн юани хитоӣ ба имзо расонда шуд.

Мақсади ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ, пеш аз ҳама пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, барои ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой молу маҳсулот ворид менамоянд, иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тавассути ҳамкориҳои судманди дуҷониба миёни “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Хитой то ба имрӯз беш аз 81,5 миллион доллар маблағ ҷудо гардида, дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Аз маблағҳои мазкур 35% фоизи онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46% барои рушди соҳаи саноат ва 19% барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд.

Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо карда шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар зиёда аз 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *