Ронандаи ноболиғ боздошту волидайнаш ҷарима

Мақомоти милитсияи Душанбе хонандаи мактабро барои идораи воситаи нақлиёт боздошт карданд.

17-уми ноябр дар Фейсбук наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота» инъикос меёфт. Шаҳрвандон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораи дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 4000UC01 буда, таҳти идораи ноболиғ Зайниддини Ҷ., истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштааст.

Бинои ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда17-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе пурсиш воситаи нақлиёти падарашро гирифта, дар назди муассисаи таълимии Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бо суръати баланд идора намуда, ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни номбурда барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *