Боз муноқиша дар марзи тоҷику қирғиз
Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардиданд.
Дар натиҷа онҳо ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд. Сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.
Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст.
Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар изҳороти худ мегӯяд, ки ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Ҳоло намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ