Сарҳадбонони қирғиз зиёда аз 100 дарахти мевадиҳандаи сокинони Ворухро нубуд карданд

Сарҳадбонони қирғиз зиёда 40 бех дарахтони мевадиҳандаи боғбон Каримбой Бобомуллоев ва зиёда аз 60 бех дарахтони мевадиҳандаи Зуҳрон Каримовро Несту нобуд кардаан. Дар ин бора Сарҳадшоҳи Ватан дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки шаби 29 феврал ва 1марти соли ҷорӣ дар Мавзеъи Лочин ва Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сарҳадбонони Қирғизистон ба Боғҳои мевадиҳандаи шаҳрвандони Тоҷикистон воридшуда дарахтони 8 -солаи мевадиҳандаи шаҳрвандони Тоҷикистонро несту нобуд карданд.

Дар бораи ба кадом хотир даст ба нобудсозии дарахтони мевадиҳанда задани сарҳадбонони қирғиз то ҳол маълум нест.  Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар ҷойи ҳодиса қарор дошта ҳодисаи мазкурро тадқиқ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *