Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.
Дар бораи ваколатҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон» фармон медиҳам:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони
Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъини аъзои нави Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 октябри соли 2020
№1
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.Айни замон руихати озодшавандаҳо интишор нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ