12 тан куштаву 40 тан захмӣ дар ҳамлаҳои Теҳрон
Бар асари ду ҳамлаи ҷудогона ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон, ҳадди ақал 12 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳронро гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст. Дар ин бора пойгоҳҳои таблиғотии ин гурӯҳ дар шабакаи интернет хабар доданд.
Хабаргузориҳо дар Эрон гузориш доданд, ки ҳамлаҳои субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, ки ҳудуди соати даҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд, ва гурӯҳи «Давлати исломӣ» масъулияти онро пазируфт, пас аз панҷ соат ва барҷо мондани 12 кушта, баъд аз зӯҳр ба поён расид. Хабаргузориҳои Эрон субҳи 7-уми июн аз вуқӯи тирандозӣ дар «роҳравҳо»-и порлумони он кишвар ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ — бунёдгузори Ҷумҳурии исломӣ хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ