Пайгирӣ шудани корбарони интернетӣ дар Тоҷикистон

Вакилони парлумони Тоҷикистон мехоҳанд корбаронеро, ки ҳамарӯза ба сайтҳои «нохушоянд» ворид мешаванд пайгирӣ шаванд.

Вакили парлумон Ҷурахон Маҷидзода хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамарӯза то 90 ҳазор паёми пешниҳоди ворид шудан ба гурӯҳҳои тунрдравро мегиранд.

Ба қавли ӯ имрӯз беш аз се миллюн тоҷикистониён ба интернет дастрасӣ доранд.

Чунончи, зиёда аз 80 дарсади онҳо ба торномаҳое ворид мешаванд, ки моли гурӯҳҳои экстремистӣ ҳастанд. Маҷидзода пешниҳод кард, то дар ин росто ба қонун «Дар бораи оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид шавад. Дар сурати ворид кардани иловаҳо, кормандони мақомоти қудратӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, то дар бораи ҳар як корбари интернет маълумот ҷамъ карда, фаъолияти онҳоро пайгирӣ намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *