Намурд, бо табар зан! Дар 4 рӯз 3 мард ҳамсарашро кушт
Занро бо ривояте, аз қабурғаи чапи мард офаридаанд ва он гӯё як узви худи мард аст. Аммо Худованд чунин офаридааст, ки ҳам ҷисман ва ҳам аз лиҳози рӯҳӣ зан аз мард заифтар аст ва аз ин ҷост, ки мардуми мо баъзан калимаи занро ба “заиф” ё “заифа” иваз мекунанд.
Заифиҳои мардон
Пас, чаро мо ба гуфти Лоиқ баъзан ба “заифиҳои мардон” тан медиҳему ҳар ҷинояти содирнамудаи онҳоро чун амри воқеӣ қабул мекунем? Ин заифиҳо кадоманд? Пеш аз ҳама, қатли ноҷавонмардонаи занон аз ҷониби мардон. Чаро “ноҷавонмардона”? Магар ба хотири ҳифзи номус куштани зани бевафо ноҷавонмардӣ аст, мепурсанд баъзе хундорҳо. Бале, ноҷавонмардона, барои он ки ин мардон нисбати касе зӯроварӣ мекунанд, ки аз худашон заифтар аст ва имкони муқобилияти ҷисмонӣ карданро надорад. Пас , дар муқобили рафтори ношоистаи чунин занҳо чӣ бояд кард, ки хандахариши дигарон нашаванд?
Ба ин савол ҳам шариати ислом ва ҳам қонунҳои кишвар ҷавоби якхела медиҳанд. Агар ҷинояту бероҳагии зан исбот гардад, ягона роҳи барои ҳар ду ҷониб бехатару қобили қабулаш ҷудо шудан аст. Бигзор он зани сабукпо шарманда шаваду якумр азоби виҷдон кашад ва дар назди худию бегона доим сарпаст бошад…
Дар 4 рӯз 3 куштори зан
…Аммо агар аз Баҳриддин Мирзомиддинови 62 — сола, аз Деҳқонободи Ҳисор ибрат гирифта бо корд ҷавонзани ба гумонаш хиёнаткорро ба қатл расонӣ, аз ҳар ду дунёи худ маҳрум мешавӣ ва хиёнаткор шаҳид мешаваду гуноҳашро мебахашанд.
Ё мисли Қаракулов Урозбек, аз ноҳияи Ёвон, ки ӯ ҳам бо рашки беҳосили худ се фарзандашро ятим кард, занро ба он дунё мефиристию худ дар ин дунё барои солҳои тӯлонӣ гӯшаи зиндонро ихтиёр мекунӣ ва бо ҳамин се фарзандат дар кӯчаҳои зиндагӣ сарсон мемонанд.
Албатта, ҳодисаҳои куштори зан ба хотири беҳурматӣ нисбати шавҳар замонҳои пеш ҳам буду ҳоло ҳам ҳаст, вале мояи нигаронӣ он аст, ки шумораи чунин ҳодисаҳо бештар шуда истодааст. Худи дар давоми чаҳор рӯз се куштори зан аз ҷониби мардон дар ноҳияи Ҳисор гувоҳи он аст, ки мардҳо ҳар чӣ бештар бераҳмтар мегарданд (аз ин кушторҳо дутояш аз ҷониби шавҳарон содир шудааст) қотили касе мешаванд, ки замоне бо умед ба як болин сар монда буданд.
Тавре аз оморҳои гуногун бармеояд, соли гузашта 13 куштори зан аз ҷониби шавҳарон дар минтақаҳои гуногуни кишвар сурат гирифтааст, ки барои кишвари кӯчаки мо омори ташвишовар аст.
Куштор дар заминаи рашк
Мо ин ҷо боз дар бораи як кушторе ҳарф заданием, ки на зан, балки нафаре мавриди қатл қарор гирифтааст, ки нисбати зан кори носазо кардааст. “Ӯ аз телефони ман расмҳои ҳамсарамро гирифта, фотошоп кард ва маро шантаж кардан гирифт, шартҳои худро мондан гирифт. Вақте Тоҷикистон омадем (вай моҳи сентябр омад), боз дубора сар кард ҳамин корҳояшро, ба ман ҳар хел шарт монд, ки ман тоқат накардам…”- мегӯяд Диловархӯҷа Тӯраев, ки ба қатли ҳамдеҳаи 33-солааш Амирбек Исломов гунаҳкор дониста мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки Диловархуҷа аз ноилоҷӣ ба куштор даст задааст. Аммо дар асл чунин нест ва агар ҳар кас аз пеши худ ба гунаҳгор ҷазо додан гирад, дар ҷомеа қонун не, балки “қонуни ҷангал” ҳукмрон мешавад. Магар имкон надошт, ки Диловархӯҷа (бо он рише, ки дорад, албатта вай худро мусулмони ҳақиқӣ мешуморад) як бор “астағфуруллоҳ” мегуфту барои ҳимояи шарафи худашу занаш, сохторҳои муаззафро ҷалб мекард? “Ман мардакам…” гуфта бисёр корҳоеро кардан мумкин аст,ки оқибат мардро зан мекунад ва умреро, ки як бор насиб мегардад, барбод медиҳад…
Зани ҷавону шӯйи пир…
“Занро зан, агар намурад, бо табар зан…” мегӯянд як тоифаи занбезор, ин гуфтаҳоро, ки замоне боз кадом як занбезори дигар гуфтааст, шиор кардаистода.
Магар ин суханонро нисбати модару хоҳари худ, духтари худ ва ё ягон наздики худ аз ҷинси латиф раво мебинед? Албатта не ва чун ин сӯзанро ба худ задеду дард накард, пас ба каси дигар раво бинед. Умуман, мафҳуми куштор ва он ҳам куштори зан дар кадом заминае набошад, имруз вақте ки ҷомеа дар пояи баланди пешрафти илмию зеҳнӣ қарор дорад, ба гӯш ваҳшиёна мерасад. Ҳайратовараш боз дар он аст, ки дар ду куштори Ҳисор, ки дар заминаи рашк рух додаанд, ду марди калонсоли аз шаст гузашта, ки худ бояд насиҳатгари ҷавонон бошанд, гунаҳкоранд. Яке ба зани калонсоли худ ва дигаре ба зани ҷавонаш рашк мекунад. Аҷибаш он, ки ин рашк пас аз солҳои зиёди зиндагии якҷоя пайдо шудаасту мӯйсафеди дигар зани ҷавони худро мавриди ҳамла қарор додааст. Мирзомуддини бадрашк магар намедонист, ки 28 сол фарқе, ки байни ваю ҳамсари ҷавонаш ҳаст, ҳатман заминаро барои рашк фароҳам хоҳад овард? Зеро гузаштагони оқили мо гуфтаанд: “Зани ҷавону шӯи пир, тобута мону мурдая гир…” Воқеан ҳам, мардуми бохираде дорем, аммо…
Аммо то ҳол дарк намекунем, ки бо он ки “мардигарии “ худро дар шакли қатли зан, хоҳ гунаҳгор бошаду хоҳ не, нишон доданӣ шуда, аз заифии худ дарк медиҳем. Заифӣ дар норасоии ақл, заифӣ дар имтиҳони якдамаи зиндагӣ, заифӣ дар назди ҳамон зане,ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Боз ҳам аз забони Зиндаёд гуфтан мехоҳӣ: “Заифиҳои мардонро чӣ гуям?”
Абдумудассир Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ