12 ҳазор доллар ваъдаи хоҳар барои куштани бародар ва бародарзодааш

Барои соҳиб шудан ба як қитъаи замини меросӣ сокини 53-солаи деҳаи Ҷавонон (Учхоз)-и Ҳисор Марҳабо Азизова ҳамроҳи духтари 26-солааш Дилрабо Ҷумъаева қасди куштани бародари худ ва писари ӯро карда, бо нархи 12 ҳазор доллар киллер киро карданд. Хушбахтона, киллер одами мақомоти милиса будааст ва аз ин куштори фармоишӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ ҷузъиёти барои соҳиб шудан ба як порча замин киллер киро кардани ду зан – модару духтар аз Ҳисорро нашр кард:

Дар олами ҳастӣ нодиртарин неъмат барои инсон умр ва озодӣ аст, вале афсӯс, нафси бад ва ҳирси мол чашми баъзе инсонҳоро кӯр карда, барои ба даст овардан, соҳиб шудан ба молу чиз ба амалҳое даст мезананд, ки воқеан ҳам тааҷҷубу нафратовар аст.

Кам нестанд далелҳое ки меросхӯрони падару модар дар тақсими мерос ва соҳиб шудан ба андозаи зиёдтари мерос бо ҳамдигар баҳсу муноқиша ё якдигарро латукӯб мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудааст, ки бародар бо бародар, падар бо фарзанд, духтар бо модар барои соҳиб шудан ба манзил ё қитъаи замин аз роҳи хусумату муноқиша истифода бурдаанд, ки дар баъзе мавридҳо чунин муносибат ва кирдорҳои ҷоҳилонаи дур аз ақл фоҷиаҳоро ба бор овардааст.

Дар заминаи хабари оперативии воридгардида аз кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии вазорати корҳои дохилӣ маҳорат ва методи баланди оперативиро талаб мекард, то қасди басо хатарноки ҷинояткоронаи модару духтар – Азизова Марҳабо Маҳмадрасуловна, соли таваллудаш 1964, пеш бо моддаи 117-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (бо иттиҳоми азобу уқубат) суд шудааст, ва Ҷумъаева Дилрабо Сафаровна, соли таваллудаш 1991, сокинони деҳаи Ҷавонон (Учхоз)-и ҷамоати Дурбати Ҳисор назорат ва тасдиқ карда шавад.

Рафтуомад ва ҳаракатҳои ин ду гумонбар, ки мехостанд хешовандони наздики худ – Азизов Маҳмадраҷаб ва писари ӯ Азизов Исломро ба ивази маблағи калон ба иҷрокунандаи нақшаи куштор диҳанд, таҳти назорат ва мушоҳидаҳои оперативӣ қарор доштанд.

Гарчанде кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии вазорати корҳои дохилӣ бо роҳи оперативӣ гумонбаронро аз қасди ҷинояткоронаашон огоҳ ва пешгирӣ мекарданд, вале шахсан худи Азизова Марҳабо боисрор мақсад мегузошт, ки бародараш Азизов Маҳмадраҷаб ва писари ӯ Азизов Исломро бо чӣ роҳе набошад, бояд ба ҳалокат расонад.

Чунин қасд ва кирдори гумонбарон исботнашаванда буд, чунки шахси бовариноке ки аз ӯҳдаи куштори ду нафар барояд, барои гумонбарон дастнорас буд. Кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии вазорати корҳои дохилӣ гумонбари шартиро ба муҳити ҷиноятӣ бо гумонбарон Азизова ва Ҷумъаева моил сохтанд ва шахсан худи Азизова Марҳабо барои ин амали ҷинояти махсусан вазнин – анҷом додани куштори ду шаҳрванд 12 ҳазор доллар ваъдаи пардохт додааст.

Дилрабо Ҷумъаева, яке аз гумонбарон мегӯяд: «Очаам гуфт, ки инҳоро куштан даркор. Баъд очаам одам меёбам гуфт. Ягон одами дилпур. Баъд Ҳалим ҳамин одамкушро овард. Бурданд, гапзанон карданд. Барои як одам 6 ҳазор, агар ду одамро бикушӣ, 12 ҳазор доллар медиҳам гуфт.”

Вобаста ба ҷинояти мазкур дар бахши тафтишотии прокуратураи шаҳри Ҳисор бо моддаҳои 32, яъне сӯиқасд ба куштор ва 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2 декабр хабар дода буд, ки кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як зани 54-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва духтари 26-солаи ӯро ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир кардаанд.

Бино ба ин гузориш, ин модару духтар дар поёни моҳи октябр «аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва маслиҳати пешакӣ, ба воситаи шахси зархарид (одамкуш) аз ҳаёт маҳрум намудани додараш, марди 47-сола ва писари додараш, марди 20-солаи сокини ҳамон ҷо барои замини наздиҳавлигӣ, ки ба онҳо ҳамчун мерос монда шудааст, 12000-доллари амрикоӣ пешниҳод кардаанд.Вале ҷиноят то ба охир расонида нашуда, аз ҷониби кормандони милитсия пешгирӣ карда шуд.

Дар ду моҳи охир ин алакай дувумин мавриди расонаишудаи «ҳалл”-и масъалаи мерос дар байни хешутабор бо истифода аз роҳи куштор ё сӯиқасд ба куштор аст.

Шаби 6 октябр ду нафари ниқобпӯш ба манзили хонаводаи Назирдодовҳо дар деҳаи Медеи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳамла оварда, соҳибхоназани 57-сола Йӯлдоқова Оламгул Мирзоевна, санаи таваллудаш 19 апрели соли 1960-ро кушта ва се узви дигари ин хонаводаро захмӣ карданд. Аз ин се нафари захмӣ ноболиғ Ниятбеков Амирҷон Далерович, санаи таваллудаш 20 апрели соли 2004, ки аз сараш тир хӯрда буд, рӯзи 11 октябр дар бемористони шаҳри Хоруғ ба ҳалокат расид.

Дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса маълум шуд, ки қотил амаки Амирҷон – Некрӯз Ниятбеков, корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ будааст.

Ниятбеков Некрӯз Доробшоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 134, ки аз ҳукми додгоҳ дар мавриди тақсими мероси бародари чанд сол пеш фавтидааш Далер Ниятбеков норозӣ буд, шаби 6 октябр ҳамроҳ бо Ҳабибзода Восӣ Саъдулло, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Зинги ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ба сар ниқоб кашида, ба манзили хешовандонашон ҳамла кардаанд.

Ниятбеков баъди боздошташ гуфт, ки ки зани бародари марҳумаш ва хешу табори вайро фақат тарсонданӣ буд, вале воҳима хесту тирпарронӣ шуд: «Ман бо маслиҳати пешакӣ бо ҷӯраам дар ҳолати мастӣ хостем янгаам ва хешу табори онҳоро тарсонем. Бо яроқу аслиҳа. Чунки онҳо тариқи суд мехоҳанд хонаи истиқоматии маро гиранд. Даромадем, ман тапончаро истифода бурдам, ду бор тир задам. Ман ки даромадам, онҳо воҳима карданд ва ман ҳам аз ҳамин ҳушамро гум кардам ва баъд ду бор тарафи онҳо тир холӣ кардам.”

Вазорати дохила гуфт, ки сабаби ин моҷаро баҳси манзил байни Некрӯз Ниятбеков ва хешовандони бародари чанд сол пеш фавтидааш Далер Ниятбеков будааст. Баъди даргузашти Далер Ниятбеков бар сари манзили истиқоматие, ки дар шаҳри Хоруғ дошт, байни хешовандон ҷанҷол хеста буд. Додгоҳ ахиран ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков дод, вале Некрӯз Ниятбеков, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ набуд, даст ба чунин ҳамлаи хушунатбор зад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *