Кӯлоб: Чаҳор аъзои як оила пас аз истеъмоли ҳасиб бемор шудаанд

Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда, заҳролуд шудаанд. Раҷабалӣ Мисралиев, сокини шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи ҳамсару ду кӯдаки хурдсолаш нисфирӯзии 10-уми декабр дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Фирӯзи Муродалӣ, яке аз хешовандони ин оила гуфтааст, ки ин хонавода пас аз истеъмоли ҳасиб бемор шудаанд.

“Шаби гузашта онҳо аз Душанбе баргаштанд. Ҳангоми бозгашт аз кадом мағозае аз Восеъ ҳасиб харида ва субҳ истеъмол кардаанд. Пас аз чанд соат ранги кӯдаки дусолаашон кабуд шуд. Вақте ӯро бе беморхона бурданд, вазъи дигарон ҳам бад шудааст” — гуфтааст ӯ. Аъзои хонавода зери назорати пизишкон қарор доранд.

Абдукарим Шокиров, муовини сартабиби шифохона гуфтааст, ки ин хонавода заҳролуд шудаанд ва ҳоло ташхис мекунанд, ки чӣ чизе сабаби аз ҳол рафтани онҳо шудааст. Ӯ гуфт, ба ҷуз кӯдаки хурдсол вазъи дигарон беҳтар шудааст. “Кӯдаки хурдсолашон каме вазъаш вазнин аст. Пас аз шустани меъда вазъи дигарон хубтар шуд. Намунаҳои хунро гирифтем ва барои маълум кардани заҳр ташхис анҷом мешавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *