Президент дар Донишгоҳ осорхона кушод

Осорхона ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро ифтитоҳ карданд

Тибқи иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, осорхонаи мазкур ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст.

“Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд”, — омадааст дар иттилоия.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат мебошад.
Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил”, мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва расми якҷоя бо ҳамсабақон оро додааст.
Дар иттилоия таъкид шудааст, ки маҳз донишҳои андӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, “то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *