Хатмкардаи ДМТ раиси «Талко» таъин шуд

Наҷибулло Раҷабов, раиси  Шӯрои директорони «Талко»- бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон таъин гардид. Қаблан дар ин вазифаи Шералӣ Кабир, ки ҳоло вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аст, фаъолият дошт.  

Игор Сатторов, мудири департаменти иттилоот ва PR – и ширкати «Талко» ба Sputnik гуфт, Наҷибулло Раҷабов, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои директорони ширкат, ба ҳамин қарибӣ раёсати ин шӯроро ба зимма гирифт.

«Ин фармон чанд рӯзи пеш ба имзо расид ва раиси нав ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст», — гуфт Игор Сатторов.

Наҷибулло Раҷабов

Наҷибулло Раҷабов соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2007 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ бо «дипломи сурх» хатм кардааст.

Наҷибулло Раҷабов аз июн то октябри соли 2007 мутахассиси идораи активҳо ва пассивҳои Бонки рушди Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба гуруҳи ширкатҳои «Талко» омада, то январи соли 2019 дар вазифаҳои мутахассис, менеҷер, мудири шуъба ва мудири Департмаенти сармоягузориҳо кор кард.

Моҳи январи соли 2019 муовини аввали мудири кулл ва аз феврали соли 2021 раиси Шӯрои директорони и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Талко» таъин шуд. Соҳиби се фарзанд аст.

 «Талко» 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва таъини раҳбаронаш низ аз салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон аст. Ин ширкат тайи даҳ соли ахир ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла «Алюминсохтмон», «Талко кабел», «Талко флюарит», «Талко Кемикал», «Талко Ресурс», «Талко Голд» ва ғайраро рӯи кор оварда, ба як гурӯҳи ширкатҳо табдил ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *