Мактаби миёна 12 сола мешавад? Шарҳи вазири маориф

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон кай ба низоми таҳсили 12 сола оғоз мекунад, ҳанӯз маълум нест. Ин нуктаро ӯ дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба журналистон ироа кард.

“Гузаштан ба низоми таҳсили 12 –сола ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст. Ин масъала дар доираи Стратегияи рушди соҳаи маориф то соли 2030 таҳқиқ мешавад”-гуфт вазир.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2010 бо ҳадафи боло бурдани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон парлумони кишвар тарҳи иловаҳо ба қонун дар мавриди гузариш ба низоми таълими 12-соларо қабул карда буд.

Қарор буд, ки низоми нави таълим дар кишвар марҳила ба марҳила ҷорӣ шавад ва аз моҳи сентябри соли 2010 мӯҳлати таҳсил дар тамоми макотиби миёнаи 9-сола як соли дигар тамдид ёбад. Солҳои 2014-2015 қабули хонандаҳо ба мактаб аз синни 6 бояд шурӯъ мешуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон бояд пурра ба низмои таълими 12-сола мегзушт, аммо ин амр амалӣ нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *