128  сомонӣ стипендия. Магар донишҷӯ бо ин маблағ метавонад зиндагӣ кунад?

Дар миёни донишҷӯён назарпурсие гузаронида, аз онҳо дар як моҳ чӣ қадар маблағ сарф карданашонро пурсон шудем.

Муродбек Хақбердиев, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

-Падарам хар моҳ 800 сомонӣ танҳо барои хӯрду хӯрок ва роҳкиро ба ман  мефиристад. Медонам, ин барои падарам хеле мушкил аст, вале ӯ мегӯяд, ки бояд соҳиби маълумот шавам, то дар оянда азоб накашам.

Мисқолой, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Точикистон:

— Ман дар як моҳ 300 сомонӣ сарф мекунам. Ҳамчунин,  аз рӯи тахассуси хонда истодаам кор мекунам. Аз он ҷо  400 сомонӣ маош мегирам, лекин бо вуҷуди ин он ҳам дар як моҳ намерасад. Маҷбур мешавам, ки аз хона боз пул гирам. Ба ҳар ҳол ман аз ҳамкурсону дӯстонам дида, камтар пул сарф мекунам, чунки дар хонаи худамон меистам ва иҷорапулӣ намедиҳам.

Сабрина, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино:

-Аз сабабе, ки дар шаҳр, дар хонаи худамон зиндагӣ мекунам,  масрафи  зиёд надорам. Дигар донишҷӯёне, ки аз  минтақаҳои дурдаст меоянд, маблағи зиёд сарф мекунанд, барои иҷора (хобгоҳ), хӯрду хӯрок ва ғайра. Ман танҳо роҳпулӣ ва маблағ барои хӯроки нисфирӯзиро аз хона мегираму халос, ки тақрибан дар як моҳ 200 сомонӣ мешавад.

Мастура Ҳасанова, донишҷӯи ДМТ:

-Ман дар низоми буҷавӣ таҳсил мекунам ва ҳар моҳ  130 сомонӣ стипендия мегирам. Аз шаҳри  Панҷакент омадаам. Дар марказ хонаи худамон ҳаст. Ба ин хотир иҷорапулӣ сарф намешавад.  Падару модарам   барои либос, хӯрока ва роҳпулӣ ба ман пул мефиристанд. Чунки стипендия ҳамагӣ барои як ҳафта хараҷоти ман мерасад.

Шоҳрух Ибодуллоев, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе:

-Ман дар як моҳ тақрибан 600 сомонӣ маблағ сарф мекунам. Ин миқдор маблағ барои иҷорапулӣ, ки 150 сомонӣ аст ва дигар хароҷот сарф мешавад. Медонам, ки ин маблағ зиёд аст, аммо илоҷи дигар надорам. Падару модари бечораам медонанд, ки барои таҳсил  маблағи зиёд зарур аст. Вале ба хотири ояндаи дурахшонам ба ҳама чиз розӣ ҳастанд.

Донишҷӯдухтар аз  Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард:

-Баъд аз рӯзҳои истироҳатии наврӯзӣ, ки ҳоло нав ду ҳафта шудааст,  200 сомонӣ хароҷот кардам. Мо ғайр аз он ки роҳкиро сарф мекунем, мехӯрем, боз маводҳои конселярӣ мехарем. Фақат дар як моҳ 50 сомонӣ ба хариди қаламу ватман сарф мешавад.

Воқеан, барои донишҷӯён зиндагӣ кардан дар Душанбе хеле мушкил аст, алалхусус барои донишҷӯёне, ки аз деҳот омадаанд. Ҳарчанд хобгоҳҳо нисбатан арзон аст, вале ба ҳама намерасад. Донишҷӯёне ҳастанд, ки то 1000 сомонӣ дар як моҳ сарф мекунанд. Стипендияе, ки на ҳама донишҷуён ба он мушарраф мешаванд, дар як моҳ танҳо барои харидани нон мерасаду тамом (Як нон 1,5 сомонӣ аст. Барои як рӯз 4,5 сомонӣ, барои як ҳафта 31,5 ва барои як моҳ 126 сомонӣ лозим аст). Ғайр аз ин,  маблағи шартномаи таҳсил, имтиҳонпулӣ, тӯй, зодрӯз ва ғайра.

Аммо пӯшида нест, ки на ҳамаи донишҷӯён пул сарф карда, мутахассис мешаванд ва талоши 5- солаи волидон бар ҳадар меравад.

Уғулой Қутбиддинзода,  

коромӯзи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *