Ли Ён Ҳо ба Тоҷикистон омад

Ли Ён Ҳо, вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои минтақа, вориди Тоҷикистон шудааст. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 13-уми апрел гуфтаанд, ки имрӯз меҳмони кореягӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот мекунад. Интизор меравад дар ин дидор масоили ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва вазъи сиёсӣ дар ҷаҳор баррасӣ шавад. Сафари ин мақоми кореягӣ то 15 апрел идома хоҳад дошт.

Зимнан, дар тирамоҳи соли гузашта дар пайи ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар нимҷазираи Корея ва озмоиши мушакҳои навсохти ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва нигарониии ҷомеаи ҷаҳонӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши баёния изҳор дошта буд, ки «ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд».

Ҳамчунин ВКХ Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҷонибдори ҳалли масоили ҳастаии Кореяи Шимолӣ танҳо аз тариқи музокирот ва риояи муқаррароти байналмиллаливу қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ аз сӯи мақомоти Пхенян мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *