13 ҳазор қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор маҷруҳ шудаанд
Сарвари давлат зимни як паёми изтирорӣ ба мардум дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск хабар дод.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба мардуми ин кишвар муроҷиати изтирорӣ кард.
Раҳбари давлат дар изҳороти худ гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ-ро расман эътироф мекунад. Инчунин даъват кард, ки хунрезӣ дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо хотима дода шавад.
— Қаблан, 21-уми феврал ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор шуд. Мавзӯи ин мулоқот ташдиди авзоъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва эътирофи онҳо аз сӯи Маскав буд,- гуфт Sputnik.
Дар рафти мулоқот аъзои Шӯрои амният ба роҳбари давлат дар бораи тамоми мушкилоте, ки ҶМД ва ҶМЛ дар рӯзҳои охир дучор омадаанд ва аз таҳдиди Киев гуфтанд.
Баҳси асосӣ дар ин нишаст сари амният ва ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ буд, ки барои эътирофи онҳо сиёсатмадорони Русия баромад карданд:
Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев (агар беҳбудиҳо набошад);
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко;
Сарвазир Михаил Мишустин (агар беҳбудиҳо набошад);
Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев (2-3 рӯз муҳлат диҳед);
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров;
Узви доимии Шӯрои амният Александр Бортников;
Вазири мудофиа Сергей Шойгу;
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин;
Директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ Сергей Наришкин;
Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев;
Ёрдамчии президент Игор Шеголев;
Сардори гвардияи миллӣ Виктор Золотов.
Владимир Путин пас аз шунидани суханони ҳамаи аъзои Шӯрои амният, ки ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ баромад карданд, гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхонда рӯзи 21-уми феврал эълон хоҳад шуд.
Бадшавии вазъият дар Донбасс
Бегоҳии 18-уми феврал вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз таҳлияи муваққатии шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ҷумҳуриҳо сафарбаркунии умумӣ эълон карда шудааст.
Дар шарқи Украина даргириҳо ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар Донбасс вазъро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Борҳо Маскав хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ