Муовини Сарвазир дар Шаҳринав: Шиносоӣ бо вазъи кишоварзӣ ва супориш ҷиҳати ҳалли мушкилот

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҷиҳати шиносоӣ бо​ ҳолати соҳаи кишоварзии​ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ноҳияи Шаҳринав рафт.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, зимни боздид муовини Сарвазири мамлакатро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода истиқбол намудаанд.

Сулаймон Зиёзода нахуст ба пойгоҳи обкашии «Қаратоғ» рафта, бо вазъ ва иқтидори кории ин пойгоҳ шинос шудаву ҷиҳати ҳалли мушкилот ва барқарор намудани иқтидори аввалаи кории пойгоҳ ба масъулин супориш додааст.

Ҳамзамон, муовини Сарвазири мамлакат дар кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Талбак Сафаров» иштирок намуда, аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақризо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намудааст.

Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ аз минтақаи Долони ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуда, бо ҷараёни кишти ғалладонагиҳои барвақтӣ дар талу теппаҳо аз наздик шинос шудааст. Инчунин, дар аснои бозгашт Сулаймон Зиёзода ба корхонаи ҶСП «Парандапарварӣ»-и ноҳия рафта, аз фаъолият ва иқтидори ин корхонаи истеҳсолӣ боздид намудааст.

— Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро ба ҳозирин расонида, зикр намуд, ки баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо бунёду барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ саъю талош намоем,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *