Пешниҳоди китобҳои нашриёти “Адиб” аз шаҳри Ҳисор оғоз ёфт

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор намоиш-фурўши китобҳои тозанашрро  баргузор намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мардуми зиёд бо шавқу завқи беандоза ба намоиш-фурўши китоб ташриф оварданд ва адабиёти дўстдоштаашонро интихобу харидорӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар намоиш-фурӯш ба ғайр аз китобҳои солҳои охир интишоршуда, боз 27 номгӯ китобҳои дар моҳи январи соли ҷорӣ нашргардида, инҷунин чор ҷилди ниҳоии “Ахтарони адаб”, дар маҷмуъ 90 унвон китоб бо теъдоди 5000 нусха пешкаши алоқамандону лӯстдорони китоб гардидааст.

— Аз намоиш-фурӯш иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дидан намуда, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» барои ташкили чунин як намоиш изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои мусоидат ба баргузории намоиш-фурўши китоб, ки аз шаҳри бостонии Ҳисор оғоз гардидааст, арзи сипос намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *