13 милиса хароб шуда ба ВКД баргаштанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 13 милисаеро, ки бо далели фарбеҳӣ аз мақомашон сабукдӯш карда буд, дубора ба кор қабул кард. Ин кормандони милиса аз ҷумлаи 20 нафаре буданд, ки дар давоми ним соли охир бинобар “вазни аз ҳад беш” ҷойи кори худро аз даст доданд. Вазни онҳо аз меъёри муқарраршудаи аз 70 то 75 кило 12-17 кило бештар будааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, кормандони барқароршуда мутахассисони хубу ботаҷриба ҳастанд ва ягона камбудиашон вазни зиёди онҳо буд. “Ҳадаф танҳо ба талаботи вазни корманди милиса мувофиқ кардани кормандон аст. Ин нафарон, ки дар сафи кормандон барқарор шуданд, ҳамин талаботро иҷро карданд”, — гуфт ӯ.
Ин масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, агар ҳафт нафари боқимонда низ тибқи талабот вазни худро кам кунанд, метавонанд дубора истихдом шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ