Тӯйи арӯсии Наслеҳан вайрон шуд?

Мегӯянд, ки домод арӯсро бо марди дигар ҳамоғӯш дида, фотиҳаро гардондааст…

 Даричаи ошноӣ
Номи асосӣ: Наслеҳан Атогул
Соли таваллуд: 20 августи 1992
Ҷои истиқомат: Истамбул, Туркия
Шаҳрванд: Туркия
Касб: актриса, модел
Дарозии қад:
1,68 м

«Золушка»- ситораи синамо

Наслеҳан Атогул зодаи шаҳри Истамбули Туркия буда, 20-уми  августи 1992 ба дунё омадааст. Бо вуҷуди хеле ҷавон буданаш ин зебосанам натанҳо дар ватанаш Туркия, балки дар дигар кишварҳои олам низ машҳур аст. Волидони Наслеҳан одамони одӣ ҳастанд, вале истеъдоди воло ва заҳматписандиаш боис гашт, ки ин камбағалдухтар ба ситораи синамои турк табдил ёбад.

               

 Ронандаи хирадманд
Падари Наслеҳан як ронандаи одӣ бошад ҳам, марди маърифатдӯст ва бисёр ғамхору меҳрубон аст. Ба санъат шавқу ҳаваси зиёд доштани духтарашро дида, ин марди гавҳаршинос ҳанӯз дар синни 13-солагӣ аксҳои Наслеҳанро ба коргардонҳои синамо нишон медод, то ба фарзанди ӯ таваҷҷуҳ пайдо намуда, барои такмил додани ҳунараш кӯмак расонанд. Студияи “Erberk” ба эҳтироми падараш Наслеҳанро ба ҳамкорӣ дар сабти реклама даъват намуда, ҳеҷ умедвор набуд, ки рӯзе ин духтараки назарногир ситораи дурахшони синамо мегардад, вале тавре ки мегӯянд, Худо, агар диҳад, намепурсад. ки падарат кист.

  

“Ишқи аввал” шуҳрат овард

Баъди хатми мактаб Наслеҳан ба шуъбаи актёрии Донишгоҳи Yeditepe –Истамбул дохил шуд. Нақши аввалашро дар синамо вай ҳанӯз замони дар курси аввал таҳсил карданаш бозидааст. Ин филм “Ишқи аввал” ном дошта, Наслеҳанро соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпешаи ҷавон” гардонд. Баъди ин филм ҳунарпешаи ҷавон дар силсилафилми “Хазонрез” нақш бозида, ҳатто ҳунармандони касбиро қоил кард. Мунаққидон филмро бодиққат тамошо карда, ояндаи дурахшон доштани Наслеҳан Атогулро пешгӯӣ мекарданд. Фариштаҳо шояд он замон омин гуфтанд, ки дере  нагузашта филми нави ин актрисаи ҷавон бо номи «Чистилище» ба экран баромад ва номи Наслеҳан Атогулро натанҳо дар Туркия, балки дар дигар кишварҳои олам низ машҳур гардонд.

   

Шоҳзода аз олами ҳунар

Ин зебосанам дар майдончаи наворгирӣ бо мардони зиёде нақши ошиқу маъшуқа ва зану шавҳарро бозида бошад ҳам, дари бахтро ба рӯйи ӯ филми  “Ду чеҳраи Истамбул” (Два лица Стамбула) кушод. Маҳз дар ҳамин филм Наслеҳан  дар майдони наворгирӣ бо шавҳари ояндааш, ҳунарманд машҳури турк Қодир Доғуглу шинос шуда буд.

Хабари издивоҷи Наслеҳан Атогюл ва Қодир Доғуглу барои мухлисон сюрпризи ногаҳонӣ шуд, чунки журналистони турк як соли дароз аз паси Наслеҳан ва Қодир қадам ба қадам поида гашта бошанд ҳам,  ҳеҷ сирру асрори ин ситораҳоро фош карда наметавонистанд. Овозаҳо дар бораи муносибатҳои онҳо хеле бисёр бошанд ҳам, касе аниқ гуфта наметавонист, ки Наслеҳан ва Қодир танҳо дар филм ошиқу маъшуқро тасвир мекунанд ё дар ҳақиқат ҳамдигарро дӯст медоранд. Ниҳоят худи ҳунармандон сиру асрорашонро кушода хабар доданд, ки онҳо аллакай бо ҳам фотиҳа шудаанд ва ба наздикӣ тӯйи  арӯсию домодӣ доранд. Мухлисон бо беқарорӣ базми висоли ин ду ситораи дурахшонро интизорӣ мекашиданд, аммо..

Моҷарои бойдухтар

Пеш аз баргузории ҷашни арӯсиаш Наслеҳанро ба филми нав таклиф намуданд ва ин духтараки шефтаи санъат ба ҷойи ба назди дӯзанда рафтан ба майдони сабт рафт. Филм “Муҳаббати сиёҳ” ном дошта, қаҳрамони асосиаш Ниҳон, ки Наслеҳан нақши ӯро мебозид, бойдухтарест, ки ба Камол ном ҷавони камбағал ошиқ шудааст, аммо волидонаш зидди муҳаббати онҳо баромада, духтарашонро ба як бачаи почаканда додан намехоҳанд. Модараш Наслеҳанро маҷбур месозад, ки ба писари тағояш Амир ба шавҳар барояд, аммо духтарак ҳеҷ сар намефарорад. Барои тарсондани Камол модари Наслеҳан ба хонаи онҳо рафта ба падараш мегӯяд, ки пеши роҳи писарашонро бигиранд, агар як бори дигар Камолро бо духтараш бубинад, несту нобудаш мекунад. Бо шунидани таҳдиди ин бойзани пулмаст ба пойи волидони Камол ларза афтида, аз тарс писарашонро ба муҳоҷират мефиристанд. Ниҳол дар байни обу оташ танҳо монда, чӣ кор карданашро намедонад. Рӯзе, ки Ниҳолро ба Амир фотиҳа мекунанд, Камоли аз моҷаро бехабар ба табрики писари раисаш ба тарабхона омада бо дидани маҳбубааш дар сари тахт дар паҳлӯи ин ҷавони бой оби дидагонаш ба рӯяш мешорад…

Рашки домод ва қаҳри арӯс

“Муҳаббати сиёҳ” чунон риққатовар аст, ки тамошобин онро бе оби дида тамошо карда наметавонад, вале қариб буд, ки ин филми пурмоҷаро актрисаи ҷавонро бадбахт созад. Шавҳаршавандааш Наслеҳанро ба Бурак Озчивит, ки дар филм нақши ошиқи ӯро мебозид, рашк бурда, дар байни мардум ҷанҷолу моҷаро  бардошт. Наслеҳан гаштаю баргашта қасам мехӯрд, ки бӯсаҳои онҳо танҳо саҳнавӣ ҳастанд ва дар асл ӯ бо Бурак муносибати ошиқона надорад, аммо Қодири аз рашк девонашуда ба гапҳои арӯсаш бовар намекард. Ниҳоят Наслеҳан ба ғазаб омада гуфт, ки вай риштаи тақдирашро бо чунин марди бадгумон пайвастанӣ нест ва фотиҳаро мегардонад. Қариб монда буд, ки тӯй вайрон шавад, вале ба бахти ду ситора коргардони филм ба миён даромада Наслеҳанро бо Қодир оштӣ дод.

Ҷуфти ситораҳо

Наслеҳан айни замон бо шавҳараш, ҳунарманди машҳури турк Қодир Доғуглу зиндагии хушбахтона дорад. Ин ҷуфти ситораҳо аз ҳаёти худ қаноатманд буда, бо вуҷуди хеле серкор будаашон ҳамеша дар ҳама ҷо якҷоя ва ҳамрозу ҳамдами ҳамдигар ҳастанд. Ҳамроҳ ба сафарҳои ҳунарӣ мебароянд, ҳамроҳ дар филмҳо нақш мебозанд ва ҳамроҳ ба сайру саёҳат мебароянд. Пештар қодир Наслеҳанро  ба дигар мардон рашк мебурд, имрӯз бошад, ҳамсари нозанинаш ӯро ба дигар духтарҳо рашк карда, намегузорад, ки сӯйи ягон бону чашмак занад.

Мо ба ин ҷуфти зебо хушбахтӣ ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем!

Омодасоз: Рустам Азимӣ        

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *