13 шаҳрванди Тоҷикистон аз муҷозот озод шуданд

21 июл нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 бо иштироки вазири корхои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорон баргузор гардид.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро иттилоъ дод, ки дар ин давра 12 ҳазору 638 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83  фоизро ташкил медиҳад, нисбат ба соли гузашта 4 фоиз камтар аст.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 17 (гурӯҳи муташаккили ҷинояткор) муайян ва дастгир карда шудаанд.

Аз гузориш маълум шуд, ки вазъи ҷинояткорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҷинояти вазнин 2233 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Ҷинояти вазнини куштор 49 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 10 ҳолат беш аст. Ҷинояти таҷовуз ба номус,  авбошӣ, дуздӣ тамоил ба афзудан дорад.

Вазири ВКД дар бораи бозгашти ихтиёрии 13 шаҳрванди Тоҷикистон аз минтақаҳои даргири кишварҳои араб ва пеш аз ҳама аз «Давлати исломӣ» хабар дод, ки онхо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуданд. Дар шашмоҳаи аввал мақомоти милиса 228 узви ташкилоти террористиро дастгир кардааст. 104 нафари онҳо аъзои Давлати исломӣ», 20 нафар салафиҳо, 17 нафар узви ҳизби наҳзат. 6 нафар «Гурӯҳи 24» мебошанд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба пурсишҳои рӯзноманигорон посух гуфт. Дар мавриди латукӯби Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрони Эрон аз тарафи гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик посух дод, ки аз ин воқеа хабар надорад, аммо аз пайи омӯзиши ин ҳодиса хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *