Омодасозии қонуни зиддӣ маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон консепсияи лоиҳаи нави қонуни ин кишвар «Дар бораи хидматчиёни давлатӣ» муаррифӣ шуд. Ин тарҳ шоистасолориро ба маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ ва хотирбини мансабдорон муқобил мегузорад.

Ба иттилои сомонаи Podrobno.uz, ин қонун усули асосии ташкили ҳайати кормандони ниҳодҳои давлатӣ, хидмати одилона, этикаи хидматӣ ва мубориза бо коррупсияро танзим хоҳад кард.

Вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Узбакистон Азиз Абдуҳакимов гуфт, ки лоиҳаи қонун дар асоси таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ таҳия шуда, дар баробари мафҳум ва падидаҳои умумӣ як қатор навовариҳоро ба миён мегузорад.

«Барои намуна, дар лоиҳаи мазкур мафҳуми шоистасолорӣ ворид карда мешавад. Яъне, усули идорае, ки бар пояи он, ба мақомҳои раҳбарӣ шахсони арзандатар, новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва вазъи молияшон интихоб хоҳанд шуд», — афзуд ӯ.

Коршиносон мегӯянд, ки дар лоиҳаи қонун бояд меъёрҳои арзёбии кори хидматчиёни давлатӣ низ ворид гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *