Салвадор Далиро духтари эҳтимолиаш аз хок берун овард

Дар Испания, ватани наққоши машҳӯр Салвадор Далӣ, ҷасади ӯро аз хок берун оварданд. Ин кор ба думболи муроҷиати зани 61 сола, Пилар Абел Мартинес ба додгоҳ сурат гирифт, ки мегӯяд, духтари беникоҳи Салвадор Далӣ аст.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа пизишкҳои қонунӣ тобути Далиро боз карданд ва аз ҷасад намунаҳои биологӣ гирифтанд, ки бояд дар озмоишгоҳи Мадрид пажуҳиш шавад. Омӯзиши ин мавод ба гуфтаи хабаргузории Associated Press, эҳтимол якчанд ҳафтаро дар бар мегирад.

Пилар Абел Мартинес аз соли 2007 ба ин тараф талош дорад, ки духтари Далӣ буданашро собит кунад. Ба гуфтаи ин зан робитаи хуниаш бо наққошро модараш ба ӯ гуфт, ки дар хонаи Далӣ хизматгор буд. Асрори таваллуди кӯдакро ин зан гӯё каме пештар аз марги Далӣ боз кардааст.

Салвадор Далӣ аз машҳуртарин намояндагони мактаби сюреализм аст. Ӯ бо шеваи аҷиб, вале ҷаззоби офариниш шӯҳрат пайдо кард. Далӣ соли 1989 даргузашт. Ҷасади ӯро мумиё карданд ва дар зодгоҳаш шаҳри Фигераси Каталония ба хок супурданд. Бунёди Далӣ, ки осорхонаи ӯро идора мекунад, ба дурустии иддаои Пилар Абел Мартинес бовар надорад. Агар пажуҳиш хеши наққош будани ин занро собит кунад, ӯ метавонад номи Далиро бигирад ва ба мероси ӯ ҳақ пайдо кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *