13 сол пеш ҷасади занашро дар таҳхона пинҳон карда буд
Милисаи шаҳри Ваҳдат қатли ҷавонзанеро ошкор кард, ки тибқи тафтишот 13 соли қабл аз сӯи шавҳараш кушта ва дар таҳхона зери фарши бетонӣ гӯронда шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздоштшуда, марди 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат мебошад, ки дар куштори ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.
Бар асоси тафтишот боздоштшуда аз соли 2000-ум бо ҳамсараш, ки ҳозир бояд 41-сола мешуд, зиндагии якҷоя доштааст: “Боздоштшуда бо сабаби муноқишаи оилавӣ моҳи ноябри соли 2004, бо олоти деҳқонӣ — кетман 2 маротиба дар ҷойи хоб ба сари ҳамсараш задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Сипас номбурда, ҷасади оилаашро ба таҳхона бурда, зери хок намуда, бо бетон мумфарш кардааст”.
Вазорат афзуд, ҷинояти мазкур баъди он ошкор шуд, ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 20-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳангоми таъмири таҳхонаи манзили истиқоматиаш, ҷасади шахсияташ номаълумро дар ҳолати устухонпора дарёфт намудааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷингоятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ