Марямро чаро аз милиса ронданд?

Хушвақт Машрабзода, муовини прокурори  вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб гуфтааст, ки санҷиши қазияи латту кӯби лейтинанти калони милиса Марям Шарифзода идома дорад. 

Ӯ  дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки аризаи Марям Шарифзода дар робита ба латту кӯб шуданаш ба ин ниҳод расид:“Аммо дар натиҷаи тафтишот ҳолатҳои овардаи ин бону исбот нашуд. Бо вуҷиди ин, мо ҳолатҳои ҷойдоштаро то имрӯз санҷида истодаем ”.
Шарифзода 17 май вақте дар беморхона қарор дошт, гуфтааст,ки тахминан соатҳои 20:30-и шаби 16 май замоне, ки барои пур кардани тавозуни телефонаш аз хона, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ берун шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт. Ба иттилои вай, нахуст бо мушт ба шикамаш заданд. Ӯ аз ҳамлавар як марди қоматбаланд ва бо риши миёна тавсиф кард ва гуфт, вақте баланд фарёд зад, вай ва ҳамроҳи дигараш фирор карданд. Модари ин корманди пулис аз фарёди духтараш ба берун баромада, ӯро дар ҳолати беҳушӣ пайдо мекунад.

Табибони Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб он вақт гуфтанд, ки дар ӯ осеби пушидаи девораи пеши шикам, латхӯрии бофтаҳои пеши шикам, харошаҳои сеяки мобайни оринҷи дасти чап ва латхӯрии соқи пойи чапро сабт кардаанд.

Баъди нашри хабари латту кӯби Шарифзода дар расонаҳо хабари аз вазифа барканор шудани ӯ низ расонаӣ шуд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон далели барканории Шарифзодаро “вайрон кардани интизомӣ хизматӣ” гуфт. Ӯ шарҳ надод, ки лейтинанти 24-сола кай ва чӣ гуна интизоми хизматиро нақз кардааст, аммо афзуд, ҳоло прокуратура  дар ин робита санҷиш мегузаронад.

Хушвақт Машрабзода дар нишасти имрӯза  ба масъалаи аз кор озод шудани Шарифзода ҳам дахл карда афзудааст: «Дар рафти тафтишот тавре ба ҳамагон маълум аст, Марям баъди ин ҳангомаҳо аз кор пеш карда шуд. Нисбати ин ҳолат ҳам кор идома дорад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *