Толеъномаи 12 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо вуҷуди заҳмати зиёд кашидан натиҷаи назаррасро намебинед. Хуб мебуд, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгириву меҳрубонии наздиконро эҳсос намоед. Баъди нисфирӯзӣ бо ҷойи зистатон мушкилӣ сар мезанад. Сайругашт дар ҳавои тоза боиси болида гаштани руҳатон мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи бебарор аст. Дар ҳама кор ба кӯмаки атрофиён умед баста наметавонед, беҳтараш мустақилона амал намоед. Дар ин рӯз ба ғалат роҳ надиҳед ва ҳама корро сари вақт ба анҷом расонед. Манзили зисти худро аз ғорат ва сӯхтор эҳтиёт кунед. Эҳтимоли омадани меҳмон дар назар аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз ширкат варзидан дар чорабиниҳои калон натарсед. Бар замми ин, мушкилоти ҳаёти шахсиро низ рафъ карда метавонед. Мутаассифона, вазъи молиявиатон чандон хуб ҷараён намегирад, вале бегоҳирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, вагарна ба шумо чашми бад мерасад. Бо нафаре вохӯрданатон имкон дорад, ки бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медоред. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Диққати бештари худро ба аҳли оила равона намуда, чизҳои даркориро харида метавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо кори зиёд машғул шуданро тавсия намедиҳем, зеро аз натиҷааш қаноатманд намегардед. Ба сафарҳои роҳи дур баромадан ва хариди калонро тавсия намедиҳем, вагарна ба ғайр аз зарар фоидае ба даст намеоред. Кӯшиш кунед, ки ба касе қарз надиҳед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз барои корҳои шубҳанок ё харидани чизҳои нодаркор маблағ сарф накунед. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, танқидро раво набинед, вагарна кор бо ҷанҷоли калон анҷом меёбад. Бо собиқ дӯстдоштаатон вохӯрда табъатон хира гардад ҳам, худро ба даст гиред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз агар ҳушёриву зиракиро пеша накарда, ба маслиҳати наздикон гӯш наандозед, ба доми макру фиреб меафтед. Барои мустаҳкам сохтани вазъи молиявӣ дар чанд ҷода меҳнат карданатон лозим меояд. Аз кори зиёд натарсед, шумо аз уҳдаи тамоми душвориҳо мебароед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз бояд фавран бо нафароне, ки чанд муддат ҷангӣ будед, оштӣ шавед. Кинаро аз дил дур намуда, ҳолати руҳиятонро беҳтар месозед. Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки хонаи худро фурӯхтан мехоҳанд ё нияти сафар доранд. Дар муносибатҳои ошиқона ягон тағйирот дида намешавад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Чунон рӯзи серташвиш мешавад, ки саратон ба дард меояд. Бо тамоми қувват аз муноқиша ва ҷанҷол худдорӣ намоед. Ба баҳсу мунозира низ ҳамроҳ нашавед. Бо корҳое, ки хатарноканд, машғул нагардед. Қавсҳои оиладор нуқтаи назари худро ба ҳамсари худ набояд бор намоянд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Макру фиреб, моҷарову иғво эҳтимол дорад. Муносибати кутоҳмуддати ошиқона дар дилатон доғ мегузорад. Бо яке аз дӯстон ва хешовандон муноқиша карданатон имкон дорад. Аксари нобарориҳои шумо бо сабаби парешонхотириву бепарвоӣ рух медиҳад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз пулҳои худро зиёд сарф накунед, вагарна то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед. Вохӯрии аҷиб бо нафаре, ки дар гузашта ӯро хуб мешинохтед, ҳаёти шахсиятонро куллан дигаргун месозад. Саломатии худро назорат намуда, ба хастагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Бо сабаби худфиребкунӣ ва рафтори беандеша бо атрофиён созиш карда наметавонед. Хира гаштани табъатон ё сабукфикрӣ боиси рехтани обрӯятон мегардад. Кӯшиши рафъ намудани мушкилиҳои сарзадаро карда, номи неки худро баргардонида метавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *