Амрикоиҳо Багромро тарк карданд

Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида бузургтарин пойгоҳи низомии Афғонистон, Багромро тарк карданд. Чорабинӣ дар доираи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз кишвар сурат гирифт, менависад РИА Новости ба истинод ба Fox News. Пештар маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида аз 1 июн сеяки қитъаи низомиро аз Афғонистон хориҷ кардааст. Зиёда аз 300 ҳавопаймои боркаш бо масолеҳ аз ҳудуди кишвар бароварда шуд. Қариб сенздаҳ ҳазор таҷҳизот барои коркарди дубора бурда шуд. Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти Департаменти ҳарбии ИМА Ҷон Кирби қаблан гуфта буд, суръати хуруҷи артиши Амрико аз Афғонистон аз бисёр омилҳо вобаста аст — масалан, ба обу ҳаво. Дар тӯли як моҳ аз моҳи май то июн, Иёлоти Муттаҳида раванди хуруҷро аз 6 то 12% анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *