Нигаронии кишварҳои узви СААД оид ба амали Толибон дар Афғонистон

Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Думаи давлатии Федератсияи Русия.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дар ҷаласа қайд кард, ки набояд вазъ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон сарфи назар карда шавад.

«Амалҳо дар марзи Тоҷикистон ҷараён доранд. Ману шумо бояд аз ҷониби худ ҳама чизро дар формати парлумонӣ кунем ва кумак расонем», — гуфт ӯ

Ин созмон аз сатҳи баланди фаъолияти низомӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки дар натиҷаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба амал омадааст, изҳори нигаронӣ кард.

«Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз тамоми қавмиятҳо ва нерӯҳои сиёсии афғон даъват мекунад, ки барои пешрафти раванди сулҳ ва таъсиси Афғонистон ҳамчун давлати мустақил ва бетараф шароити мусоид фароҳам оранд», — омадааст дар хабар.
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки СААД амалҳои террористиро маҳкум карда, аз сатҳи баланди истеҳсоли маводи мухаддир изҳори нигаронӣ мекунад.

«Мо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла парлумонҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумониро даъват мекунем, ки ба хотири пешгирии вуруди паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя кумаки башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳанд», — омадааст дар изҳорот.

Намояндагони кишварҳои ширкаткунанда омодагии худро барои кумак ба Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иброз доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *