Аз фалсафаи ақл ва дунявият бояд кор гирифт, — мегӯяд донишманд Ҳафиз Раҳмон
Хаймаҳо ҷудо, дилҳо якест
— Ҷаноби Ҳафиз Раҳмон, дар як нигоштаи хеш, ки “Давлат ва секулоризму дунявият” ном дорад, шумо аз андешаи олимони олмонӣ тарафдорӣ мекунед ва ба идеяи давлати иҷтимоӣ бартарӣ медиҳед. Мегуфтед, ки давлат маҳсули фарҳанг аст ё тамаддун, фарқи инҳо чист? Баъдан, дар мавриди ғояи давлати иҷтимоӣ чанд ҳарф бигӯед.
— Суханро аз он шурӯъ кунем, ки башарият то расидан ба марҳилаи зиндагӣ дар ҳудуди давлатҳо таърихи басо тӯлонии таҳаввулотро пушти сар кардааст. Давлат маҳсули тамаддун аст ва дар таркиби тамаддун ҳама аносири фарҳанг ҷо гирифта. Яъне аввалӣ кулл асту баъдӣ ҷузъи он. Дар афкори ҷаҳонии иҷтимоию фалсафӣ, дар тафовут аз дигар соҳоти илмӣ, тамаддун, қабл аз ҳама, бо пешрафтҳои иҷтимоӣ, бо фарҳанг, масалан, истифодаи хат, ҷудо шудани заҳмати фикрӣ аз ҷисмонӣ, пайдоиши шаҳрҳо ва давлатҳо шинохта мешавад.
Агар ба таҳқиқоти бузургарин андешамандони илму фарҳанг як назари иҷмолӣ афканем, маълум мешавад, ки фарҳангҳо хеле пештар аз тамаддунҳо арзи ҳастӣ кардаанд. Агар фарҳанги инсонӣ умри беш аз чилҳазорсола дошта бошад, тамаддунҳо каме беш аз даҳ ҳазор сол сарнавишт доранд. Қариб дар ҳама консепсияҳои илмӣ тамаддунҳо тавассути фарҳангҳо ё мухтассоти алоҳидаи онҳо мушаххас карда мешаванд.
Масалан, муаррихи маъруфи фаронсавӣ маъруф Фернан Бродел (1902-1985) ақида дошт, ки тамаддун худаш як минтақаи фарҳангиест, ки андаруни он як идда унсурҳо – забон, дин, маҷмӯи ҳунарҳо, сиёсат, тарзи зиндагии мардум ва ғайра ҷо мегирад.
Файласуфи таърих, фарҳангшиноси номӣ Арнолд Тойнби (1889-1975), муаллифи “Маърифати таърих”, чунин мепиндошт, ки омили шаклсози тамаддун на воқеияти сиёсӣ, балки дин аст. Семуэл Ҳангтинтон, муаллифи китоби “Бархӯрди тамаддунҳо” мегуфт, ки тамаддунҳо умумиятҳои густардаи фарҳангие ҳастанд, ки дар онҳо забон, вижагиҳои антропологӣ (инсонӣ), дин, тарзи ҳаёт, ниҳодҳои иҷтимоӣ нақши муассир доранд.
Хулоса, дар фаҳму дарки умумият ва тафовути миёни фарҳангу тамаддунҳо нуқтаи назарҳо хеле мухталифанд. Маҳз дар афкори илмии Иммануил Кант (1724-1804), мутафаккири бузурги олмонӣ, ин ду мафҳум мушаххасан шарҳ ёфт: тамаддун фарогири ҳама ҷузъиёти иқтисоду технология аст ва ба соҳаи фарҳанг маънавияту ахлоқ, эстетика, арзишҳои рӯҳиву равонию эътиқодӣ ва ғайра мансуб аст.
Ин як сайри мухтасар андар фаҳму дарки ду вожаи калидӣ дар таърихи башарият – фарҳангу тамаддун буд, ки бевосита ба суоли Шумо оид ба тарзи давлатдорӣ, минҷумла, давлати иҷтимоӣ дахли бевосита дорад.
Назарияи давлати иҷтимоӣ аз охирин коркардҳои назарии олимони соҳаи ҷомеаву давлат, сиёсатшиносону файласуфон, татбиқи орзуҳои чандинҳазорсолаи одамизод оид ба зиндагӣ дар як ҷомеаи адолатбунёду қонунасос аст, ки маҳз дар қарни XIX дар Аврупо амалӣ шудааст. Ҳоло ҳаҷми ин мусоҳиба имкон намедиҳад, ки оид ба роҳу усулҳои бунёди чунин тарзи давлатдорӣ муфассал изҳори назар кунем, ҳамин қадар гуфтан имкон дорад, ки асоси ин навъи давлатро ҳокимияти давлатӣ бар мабнои демократия, таъмини сатҳи баланди некуаҳволии мардум, ҳифзи иҷтимоии омма, баробарию адолати иҷтимоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.
Масъулияти давлати иҷтимоӣ ё ба қавли дигар некуаҳволии умум, дар он зоҳир мегардад, ки қишрҳои осебпазири ҷомеаро, ки худро аз нигоҳи синну сол, маризиву маъюбӣ таъмин карда наметавонанд, таҳти сарпарастӣ мегирад, баробарии иҷтимоӣ на дар баробарии мардум дар доштани молу коло, балки яксон будани имкони фаъолият ва дастрасӣ ба неъматҳои моддӣ барои ҳамагон аст.
Боз чандин фазилатҳое дорад, ки ҳатто бо мухтасар баён карданашон вақти зиёде лозим мешавад. Агар ба як ҷумла хулоса кунем, дар ин навъи давлат инсон дар маркази таваҷҷуҳи давлат аст, иззату шараф ва эътибори инсонии ӯ ҳимоят мешавад ва ҳама кӯшишҳои давлат барои таъмини сатҳи баланди зиндагии ҷомеа сарф мегардад. Беҳтарин намунаи ин гуна давлатро мо имрӯзҳо дар мисоли Ҷумҳурии Федеролии Олмон мебинем. Шветсия, Норвегия, Ҷопон, Швейтсария, Фаронса низ ҳамин гуна сохти иҷтимоӣ доранд.
Қисми дувуми моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон низ сохти кишвардориро давлати иҷтимоӣ эълом кардааст, яъне мо ҳам ба ин шоҳроҳи рушд ворид шудаем. Баъзе унсурҳои ин навъи давлатдорӣ, аз қабили ғамхорӣ ба ятимону бенавоён, аз ҳисоби давлат таҳсил кардани онҳо, фаъолияти муассисаҳо барои пиронсолони бекасу кӯй ва ғайра дар мо низ ҳаст, аммо расидан то сатҳи он кишварҳое, ки дар боло номбар кардем, шояд умри як насли дигар лозим шавад.
Чизҳои муҳими дигар – хеле ва хеле фаъол будани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳокимияти комилан мустақили судӣ, адами фасод дар сохтори идорӣ ва саду як унсури дигар. Ҳанӯз дар қарни XVIII Олмон беш аз 300 мулки пароканда дошт, аммо ду идеяи меҳварӣ: бунёди давлати мутамарказ ва худшиносии миллӣ тӯли ду садсола олмониҳоро ба чунин вазъе овард, ки ҳама имрӯзҳо орзуи чунин давлат ва чунин ҷомеаро мекунанд.
-Яке аз баҳсҳои асосӣ, ки асрҳо боз идома дорад, мавқеи дин дар умури давлатдорӣ мебошад. Назари шумо чист? То кадом андоза дин метавонад ба умури идораи давлат дахолат кунад? Ё дар умум фосилаи давлат ва дин то куҷо бояд риоя шавад?
— Ҳоло якояк ном набарем, дар умум, дар тамоми таълимоту консепсияҳои ҷомеашиносиву фалсафӣ мавзӯи дин, таъмини озодиҳои эътиқодии мардум, мавқеи вижа ва хеле ҳассос дорад. Динро Кристофер Доусон (1889-1970), муаррих ва файласуфи англис, яке аз пояҳои асосии тамаддун дар қиболи забон ва ҳофизаи таърихӣ мешуморад.
Ҳеҷ яке аз тамаддунҳои имрӯзаи олам бидуни ин шакли шуури ҷомеа ва яке аз аносири бунёдии фарҳангсоз нест.
Асосгузори диалектика ва идеализм дар фалсафаи олмонӣ, файласуфи маъруф Георг Вилгелм Гегел (1770-1831) мегуфт, ки «дин ҳамон асосеро мемонад, ки дар худ ҳама чизҳои марбут ба маънавият ва наздиктар – табиати давлатро ҳамчун иродаи яздонӣ таҷассум мекунад”.
Лев Николаевич Толстой (1828-1910), романнависи маъруфи рус, ба ин андеша буд, ки “маҳз дин низоми эътиқодоти инсонро мушаххас мекунад, эътиқод дониши дар шуур ҳазмшудаи одам роҷеъ ба маънои ҳаёти башарист”. Аммо дар масъалаи таносуби дину давлат афкори зиддунақиз зиёд аст.
Масалан, худи Гегел, ки ба дин назари мусбат дошт, дар “Фалсафаи ҳуқуқ” ном асари бузургаш ба ин натиҷа омада буд, ки “дину давлат ҳамчун шакли айнию зеҳнии як мундариҷа ба ҳам зид мебошанд, калиди ҳалли ин мухолифат ҳамин аст ва афзалият бояд ба давлат ҳамчун шакли бештар рушддидаи объективӣ дода шавад. Яъне мазмуни ҳам барои дин ва ҳам барои давлат ягона – идеяи умумӣ дар давлат шакли комилтар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, дин набояд ҳукуматдорӣ кунад…”.
Аммо аз назари ин мутафаккир, хулосаи ахир ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳама аносири дин дар давлат халал ёбад, зеро аввалан, дин зербиноеро мемонад, ки маънавият болои он қомат афрохтааст, баъдан, чизе, ки хавфнок аст, ифротгароии динист, он дар шаклу зоти хеш хеле сарсахту устувор аст, баъдан, дину давлат аз нигоҳи шакл муқобили ҳам қарор доранд, на аз нигоҳи муҳтаво. Муносиботи дину давлат бояд мутақобилан судманд бошанд, ҷомеаи диндор озодии фаъолият дошта бошад ва ғайра… Ин мавқеи Гегел аст, боз даҳҳо нуқтаи назарҳо ҳаст, ки акси ин гуфтаҳост. Азбаски Гегел шуҳраи офоқ аст, бештар аз ӯ иқтибоси маъно кардем.
Аммо он чӣ, ки Гегел дар мавриди робитаи дину давлат изҳор медорад, танҳо дар заминаи рушди муътадили дин ва шуури динии мардум хос аст. Дар акси ҳол, масалан, дар сурати дар дохили ҷомеаи динӣ миёни бархе аз гурӯҳҳои мардум зуҳур кардани як навъи шуур, ки онро файласуфи машҳури ҳамзамони мо Лев Балашов (1944) “шӯрбахтонаву ҷиноӣ” меномад ва банда онро адами таҳаммулгароӣ мегӯям, вазъ хатарбор мешавад.
Яъне пайравони як гурӯҳ ҷонибдорони равияи дигарро бад мебинанд, нафрат доранд, онҳоро на рақиб, балки душман мепиндоранд. Дар Тоҷикистони мо то соли 2009 салафиҳову ваҳҳобиҳо озод амал мекарданд ва махсусан пайравони салафия уламои ортодоксалӣ ё суннатгаро, ҷонибдорони тасаввуф, дар умум исломи анъанавиро чашми дидан надоштанд. Қабоҳат лар баёни андеша, беэҳтиромӣ нисбат ба пирони солхӯрда, сӯистифода аз оёту ҳадис барои мушрику аҳли бидъат эълон кардани дигарон ва як силсила афкори зиёновар барои ваҳдати муслимин хос буд. Хайрият, ки ин равия баста шуд, вагарна…
Посух ба қисми сеюми ҳамин суол: дахолати дин ба умури давлатдорӣ пояҳои дунявиятро барҳам мезанад ва банда тақрибан дар ягон таълимоти бузургони андешаи Ғарб ин чизро вонахӯрдаам… Дар Шарқ мавқеи Аллома Иқбол дигар аст – эҳёи фикри динӣ, мудерн сохтани андеша ва фазои динӣ, бо истифода аз зарфиятҳои бузурги дин рушд кардан мисли кишварҳои Аврупо. Афкори Иқболро дар умум ин байти машҳури Шайх Муттақӣ метавонад ифода кунад:
Ислом на фақат савму салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст…
Аммо такрор ҳам шавад, бояд гуфт, ки консепсияи Иқбол тамоман дигар аст, худи ин мутафаккир дар замонаш дучори ҳамлаи мутаассибону ифротиён шуда буд, азбаски ба илму фарҳанги Ғарб таваҷҷуҳи зиёд дошт.
Бибинед, ки вақте шайхи маъруфи замони Иқбол — Хоҷа Ҳасани Низомӣ ба ӯ ҳамлаи лафзӣ кард, Иқбол чӣ посухи ҷолибе дод: “Ман кай мусалмононро ташвиқ кардаам, ки ақоиду афкори худро иваз намоянд? Ман фақат онҳоро иршод менамоям, ки дар ривоёти фалсафӣ таҷдиди назар кунанд. Ба назари ман, таърихи фикрии Аврупо субути қатъии садоқати ислом аст. Ба мусалмонон дастур шудааст, ки илм, ҳатто дар Чин ҳам бошад, онро таҳсил намоянд. Агар чизи муфиде дар адабиёти ғарбӣ бибинем, аз он истифода накардан сахт тангназарӣ аст”. Хулоса, агар дар матои дин, аниқтараш дар тарзи диндорӣ таассубу ифрот пайдо ва авҷ гирифт, пас, чунин фазо хатари воқеӣ барои ҳастии ҷомеа ва давлат ба вуҷуд меорад.
Боз ду мисоли мухтасар, яке аз Шарқи исломӣ ва дигаре аз Ғарби католикӣ. Ҳангоми истилои Искандария арабҳо бузургтарин китобхона-ганҷинаи бебаҳои ҳамон давраро аз рӯи таассуб сӯзонданд, баъди давлатӣ эълом шудани насрония дар Рим, мутассибони ин дин дар Византия кулли шоҳкорҳои аҳди антиқаро несту нобуд карданд… Бубинед, ки таассубу ифрот дар андешаву рафтор хоси танҳо ислом нест, дар ҳама динҳо ҳаст…
Волтер, сарвари маорифпарварони Фаронса, менависад, ки тӯли ҳабдаҳ қарни масеҳият ҷони ҳабдаҳ миллион озодандешону олимону рӯшанфикрон талаф шудааст, яъне ҳар асре як миллионӣ. Мисли Галилео Галилей ва ҳамин қабил мардуме, ки дастгоҳи ҷазодиҳии калисо ононро ба бидъат (ерес) гунаҳкор мекард. Даҳҳо мисол овардан мумкин аст дар мавриди он ки дахолати калисо ба давлатҳои ғарбӣ онҳоро парешон ва нобасомон мекард. Дар Шарқ ба ҳайси идеологияи асосӣ интихоб шудани як мазҳаб боиси набардҳои тӯлонӣ ва муноқишаҳои зиёд дар кишварҳо шудааст. Фитнаи бузурги миёни шиаву сунниро дар соли 1909 дар даврони амир Абдулаҳад дар Бухоро (ки онро устод Айнӣ ҳам дар “Таърихи амирони мағнитияи Бухоро” ва ҳам дар “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” муфассалан шарҳ додааст) ба ёд орем, кофист, ки масъала рӯшан шавад.
Ё худ вазъи имрӯзаи Эронро гирем, ки давлат дар асоси мазҳаби шиа бунёд шудааст ва афзалияту бартарият додани пайравони он нисбат ба масалан, сунниҳову зардуштпарастону дигарҳо дар ҳама сатҳу ниҳодҳои кишвардорӣ ошкорост, сухан аз табъиз дар заминаи эътиқодоти дин меравад. Дар умум, ҳаррангдинӣ дар миқёси як кишвар, агар дуруст ва оқилона танзим нашавад, ҳам барои ҷомеа ва ҳам давлат хатар дорад. Сиддиқии Аҷзӣ дар ин маврид байти муносибе ба вазъи гуфтори мо дорад:
Ба фикри иттифоқи халқ то кай хун хӯрӣ, Аҷзӣ,
Ҷаҳоне якзабон натвон шуд аз ҳаррангдиниҳо…
Дар Тоҷикистони имрӯза низ ҷомеаи динӣ ба ду қисм аст: аксаран пайравони ҳанафӣ ва камтар аз сунниҳо аз нигоҳи миқдор пайравони исмоилия. Ихтилофе нест, ҳама озоданд. Дар маркази пойтахт масҷиди бузурги исмоилиҳо қомат афрохтааст ва як намояндаи онҳо узви доимии Шӯрои уламост. Зиёда аз ин, тобистони соли 2019 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори нахуст семинари намояндагони ҳама ҷомеаҳои динии кишвар (аз ҷумла, православиҳо) баргузор шуд ва банда низ он ҷо будам. Шиори онро яке аз халифаҳои бадахшӣ чунин маънидод кард: “хаймаҳои мо ҷудо, дилҳо якест…”. Ин як мисоле буд андар фаҳми он ки агар масъалаи таносуби дину давлат дуруст, ба нафъи умумии кишвардорӣ танзим шавад, дин ҳамчун ҷузъи фарҳанг ба миллату давлат хидмати бузург хоҳад кард.
Боз як мисоли дигар. Бинед, ки Эрон ҷумҳурии исломист, тору пуди қонунгузориаш ба мабнои дин аст, аммо вақте ки дар масъалаи таносуби дину давлат сухан рафт, бунёдгузори ин кишвар Оятулло Хумайнӣ чӣ гуфт: «Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто аз манфиатҳои динӣ авлотар дониста шавад. Давлат метавонад тамоми зуҳротро манъ намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯйи манфиатҳои давлат набошад…». Ёбеду гиред, давлате, ки таҳкурсии бинояш дин аст, вақте дар ду паллаи тарозу – дар яке манофеи давлат аст ва дар дигаре – дин, бори паллаи давлатро вазнинтар мешуморад.
-Бисёре аз муҳаққиқон, аз ҷумла, худи Шумо ҷонибдори низоми секулорӣ ҳастед. Хонандаи мо бо ин вожа зиёд ошноӣ надорад, дар ин маврид ибрози назар кунед.
— Маънояш хеле одист, секулор консепсияе ҳаст, ки тибқи он ҳукуматҳо ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ бояд ҷудо аз таъсири ҳама динҳо фаъолият кунанд. Аз як тараф, озод будан аз таълимоту қавонини динӣ ва адами маҷбур кардан ба эътиқодоти динӣ аз ҷониби давлат ва ҷомеа, ки бояд мавқеи бетарафонаро дар масоили дину диндорӣ дошта бошанд. Ин падида ҳаргиз ҳаммаънои атеизму бехудоӣ ё бетарафии кулл ё беэътиноӣ (индифферентизм) нест ва маънои мубориза бо динро ҳам надорад, чунон ки бархе чунин мефаҳманд.
Раванди секулорӣ ҷараёни камранг шудани таъсири дин дар давлати дунявист, аниқтараш гузариш аз ҷомеаи таҳти нуфузи дин ба ҷомеае, ки сохташ комилан дунёгароист, аммо дин дар мавқеи худаш бидуни саркӯбӣ аз ҷониби давлат пойбарҷост. Дар Аврупо ва умуман Ғарб ин раванд аз он оғоз шуд, ки заминҳои мансуб ба калисо мусодира шуд (сулҳи Вестфал), дар соҳаи сиёсӣ ҳукумати калисо маҳдуд гашт, дар мақомоти идораи давлатҳо ҷойи рӯҳониёнро одамони муқаррарӣ ишғол карданд, баъдан, вазифаи суд ба зиммаи давлат гузашт, соҳаи таҳсилот аз раҳнамоии дин озод гардид ва бад-ин минвол амалҳое, ки марзи миёни дин ва давлатро дар як сохтор, яъне давлат муқаррар кард.
Раванди секулорӣ барои ҷомеаҳо озодиро аз ҳама гуна таассубу хурофоту тангназариҳо ва авомили дигари маҳдудсозандаи рушд фароҳам меорад, аммо ҳанӯз аз асри пор нисбат ба ин озодиҳо бар асари секулоризм мутафаккирон назари мухталиф доштанд.
Масалан, файласуфи номвар Фридрих Нитсше (1844-1900), ки ба дин назари манфӣ дошт, мегуфт, ки озодӣ ҳар қадар афзун бошад, ҳамон андоза барои рушду ривоҷи шахсият хуб аст, Николай Бердяев (1874-1948), файласуфи дин мегуфт, ки ҳар қадар доираи амали дин маҳдуд шавад, мардум ба шаклҳои гуногуни бардагӣ гирифтор хоҳанд шуд. Ҳанс Бергер (1873-1941), яке аз бунёдгузорони назариёти муосири ҷомеашиносӣ, менавишт, ки маҳз аҳкоми динӣ пояҳои ҳаёти иҷтимоиро устувор нигаҳ медоранд, дар онҳо он миқдор маъно ҳаст, ки бидуни онҳо ҷомеаҳо ба буҳрони маънавӣ гирифтор хоҳанд шуд. Ҷомеашиноси маъруф Толкотт Парсонс (1902-1979), яке аз бунёдгузорони назариёти муосири ҷомеашиносӣ, ақида дошт, ки раванди секулории фарҳанг гувоҳи таҳаввулот аст, ки тибқи чунин фаҳмиш, вазифаи дин тағйир хӯрда, он ба яке аз соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ бадал мешавад.
Ин ҳама дар Ғарб, аммо дар Шарқ чӣ? Дар бисёре аз кишварҳои шарқӣ – Миср, Алҷазоир, Тунис, Марокаш, Урдун, Лубнон ва ғайра раванди секулорӣ натиҷаҳои нек додаанд: судҳо дар ихтиёри давлат буда, ҳокимият ё тавасути интихобот ё бо тарзи дигар иваз мешавад, аммо дахолати дин нест, судҳои шариатӣ салоҳияти маҳдуд доранд. Бузургтарин кишвари исломӣ – Индонезия низ секулорист. Аслан идеяи секулорӣ дар ислом вуҷуд надорад, вай ихтирои андешамандони ғарбист.
Аммо мафҳумҳое ҳастанд, ки ба секулоризм қаробат доранд, масалан, бетарафии давлат ба масоили дин. Ҳатто дар давлатҳои исломӣ бархе мутафаккирон ба ин андешаанд, ки секулорӣ ба ислом мухолифате надорад, ҳатто имкон дорад, ки системаи мустақили ҳуқуқ дар баробари ҳуқуқи исломӣ амал кунад. Ба хотири рушди иқтисод, фаъолияти бештар дар тиҷорати ҷаҳонӣ ҳатто бархе кишварҳои фундаменталистии арабӣ — Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва ғайра кӯшиш мекунанд, ки таъсири омили диниро ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаҳои худ камтар кунанд.
Дар Тоҷикистон баъди муноқишоти дохилии солҳои 1992-1997 унсури муҳимми секулорӣ – хислати дунявӣ доштани давлат ба миён омад, бояд мухолифин ба чунин сохти давлатдорӣ розӣ ва ё онро инкор мекарданд. Ин масъала бо иродаи сиёсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳал шуд ва ҳатто ҳизбҳои дорои характери динӣ ва атеистӣ ҳам иҷозаи таъсис ёфтанд.
Шурӯъ аз соли 2014 истилоҳи секулоризми миллӣ дар муомилоти илмии Тоҷикистон ворид шуд. Ақидае паҳн шуд, ки ин навъи секулоризм бояд исломро аз радикализму террор дур нигаҳ дорад ва манофеи миллиро ҳифз кунад. Ба андешаи банда, моҳияти секулоризми миллӣ дар ин гуфтори Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ошкор шудааст: «Ислом ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги суннатии мост. Ахлоқи суннатии мо низ динист ва онро ҳеҷ гоҳ наметавон рад кард ё нодида гирифт. Матлаби ҷудо будани дин аз давлат бошад, фақат як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат ва давлат ба корҳои мазҳабии дин мудохила накунад».
— Тоҷикистони мо, ки дар партави демократия ва дунявият қадам мезанад, ҳамеша мувоҷеҳи мушкилот аст. Делали инро шумо дар “менталитет, роҳу равиши афкору рӯҳия”-и мардум мебинед, ки “майли шадид ба суннатгароӣ (традитсионализм)” дорад ва “монеаи тафаккури ҷадид мегарданд”. Чӣ бояд кард, ки афкори мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунем?
— Аслан суннатгароӣ хуб аст ва омӯзаҳои зиёде дорад. Аксар мутафаккирони ғарбӣ як сабаби зуд ба вазъиятҳои нави ҷаҳонӣ ва вобаста аз сабабу омилҳои раванди ҷаҳонишавӣ рушди камтар доштани ҷомеаҳои шарқиро дар рукуд бар асари суннатгароӣ мебинанд. Дунё бошитоб тағйир меёбад, рақобатҳо миёни давлатҳо барои бозорҳо меафзояд, ҷаҳонишавӣ масоили нав ба навро ба миён мегузорад, аммо дар аксар мамолики Шарқ, аз ҷумла, Тоҷикистон равандҳои мутобиқшавӣ хеле сустанд. Як мисолаш ҳамин танзим аст. Бенизомиҳои тӯлонӣ дар масъалаи танзими расму ойин ва маросимҳо (махсусан авҷи аълояш даврони шӯравӣ буд) ба трансформатсияи баъзе падидаҳои ахлоқӣ оварда расонд: накуномӣ бар ивази баргузор намудани маъракаҳои пурисроф, олиҳимматӣ бар ивази додани нону оши бебаркаш… Дар олами Ғарб низ ба гунаи дигар чунин аҳволро дидан мумкин аст: хирадро акнун дар дониши амиқи як соҳаи муайян фаҳм мекунанд, саодати инсон дар карйераи мувофиқ дарк мешавад ва ғайра.
Аммо дар Ғарб ҷомеаи индустриалӣ ҳоким аст ва маҳсули чунин ҷомеа ҳамин аст, ки дар шуури мардум фарҳанги хоҷагидорӣ, сарфи пулу дороӣ бо назардошти ояндаи хуби ҳаёт хеле амиқ ташаккул ёфтааст. Аммо барои як одами шарқӣ донистани обу ҳаво барои фардо муҳимтар аз он аст, ки аз ояндаи ҳаёт андеша карда бошад, зеро шиори тайёр аз сарнавишт дорад, ба ин маънӣ, ки “фардо кӣ мурдаву кӣ зинда”, ё “зинда бошем, мебинем”…
Ҳамин дам як мусоҳибаи кӯтоҳи ду шахси фақире ба хотирам расид, ки яке ба дигаре мегуфт: “Шаш писар дорӣ, таваллуди ҳафтумаш чӣ зарурат дошт? Посухи дигарӣ ин буд, ки “модом ки шаштояш нони хӯрдан доранд, ҳафтумаш ҳам меёфтагист”. Ана ҳамин гуна посухи хеле осону одӣ ва орӣ аз таҳлил. Бидуни он андеша, ки ҳамон ҳафт тан ба ҷуз “нони хӯрдан” ба либосу ҷиҳози мувофиқ, имконот барои таҳсил, ашёи дарсу тамрин, макони зист ва саду як таъминоти дигар ниёз хоҳанд дошт…
Ҳамин аст, ки бархе сабаби ақибмондагии ҷомеаҳои шарқиро дар тарзи тафаккури аграрӣ дар қиёс бо тафаккури индустриалии ғарбӣ маънидод мекунанд. Бо вуҷуди он ки дар мо низ кайҳост, ки иқдомоте барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии индустриалӣ амалӣ мешавад, аммо иллат ин аст, ки менталитет, роҳу равиши афкору рӯҳия, майли шадид ба суннатгароӣ (традитсионализм) монеъи тафаккури ҷадид мегарданд. Акнун олимони ҷомеашинос бояд таҳлил кунанд, ки чӣ гуна омилҳои манфии суннатгароӣ пайваста аз зеҳни мардум ихроҷ шавад.
Дигар ин ки замони мо замони мудерн ва нишонаҳояш — сармоядорӣ, индустрикунонӣ, дар шаҳрҳо зиёд ҷамъ шудани аҳолӣ (урбанизатсия), секулорӣ ва ғайра аст. Дар ҷомеаи суннатӣ одамон ҳамон тавре фаъолият мекунанд, ки падару бобоҳояшон амал мекарданд, ҳол он ки дар ҷомеаи мудерн аз ақли даррок истифода мекунанд.
Ба ҷомеаи мудерн тезҳаракативу иштироки фаъол дар корҳои ҷомеа хос аст, барои инсон ҷиҳати беҳтар кардани аҳвол ҷойи зист камтар аҳамият пайдо мекунад, дар ҷомеаи суннатӣ бошад, аксаран мардум дар ҳамон минтақаҳое ба камол мерасанд ва то ахир мемонанд, ки таваллуд шудаанд, ба пайраҳаи касби волидон мераванд…
Дар ҷомеаи нав инсон зуд ба шароити ивазшаванда худро мутобиқ мекунад, қобилияти тағйир додани ритми ҳаётро дорад… Дар ҳолати сар задани буҳронҳои иқтисодӣ дар ҷомеаҳои мудерн аз механизмҳои ислоҳи вазъият филфавр истифода мекунанд, интизори касеву чизе намешаванд, дар ҷомеаҳои суннатӣ чунин механизмҳо нест, ҳама ба боло менигаранд, ба ин маъно, ки “ку бинем, чӣ гап мешавад”…
Суол додед, ки чӣ бояд кард? Як маънои фарҳанг кишту кор ва тарбияву омӯзиш аст. Дар замонаш Марк Туллий Ситсерон дар Рими бостон ба ин ақида буд, ки “ончунон ки кишоварзе заминашро кишт мекунад, ҳамон гуна одамон бояд фалсафаи ақлро кишту кор кунанд. Аз ин беҳтар як сухани файласуф Рене Декарт, олими маъруфи фалсафа аст: “будани ақл кам, истифода карданаш муҳим аст”…
Ин беҳтарин посух ба ҳама суолҳои Шумост.
Мусоҳиб
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ