Соҳибмансаб кист? Худро дур аз мардум доштан?

Ҳамарӯза бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе ва гӯшаву канори кишвар ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, иншооти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ахиран, чунин иншооти муҳим – бинои Вазорати молия ва Раёсати Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки биноҳои мазкур ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, аз тамоми шароити корӣ бархурдоранд.

Зимни дидору мулоқот бо кормандони мақомоти молия Сарвари давлат изҳор дошт, ки “Бовар дорам, ки беҳтар шудани шароити корӣ барои кормандони соҳаи молия ба пешбурди босамари сиёсати давлат дар самти буҷету андоз ва баланд гардидани натиҷаи фаъолияти кормандони соҳа мусоидат мекунад”.

Воқеан ҳам, мақсади Сарвари давлат ҷиҳати бунёди чунин иншооти замонавию ҷавобгӯ ба талабот, дар мадди аввал ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас аст. Аммо афсӯс, ки теъдоде аз масъулини идораву муассисотро дар сар андешаи ҳавову ҳавас ва ҷоҳу шуҳратпарастист. Ин теъдод талош меварзанд,  то ҳуҷраҳои кориро тибқи завқу ҳаваси худ орову нақшбандӣ кунанд: курсимулоимҳою мизу ҷевони хориҷии баландсифат, телевизору дигар аз воситаҳои электронӣ барои истифодаи интернети ройгон. Дар тасфу оташи даҳони ин теъдод нишастан намешавад, худро тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё чархи кишвар бидуни фаъолияти онҳо аз гардиш бозмемонад. Аммо дар асл ҳеҷ кори нафъоваре намекунанд.  Аммо ба фоидаи худ хеле заҳмат мекашанду арақ мерезанд.

Аз рафтор, гуфтору муовилаву муносибати ин теъдод чун оина рӯшан аст, ки эшон  аз донишу маърифату тахассус фарсахҳо дуранд, ҷуз ҳавою ҳавас дигар фикри бикре дар сар надоранд ва мусаллам аст, ки тариқи ёру ошнобозӣ ва баргузории ҳар гуна озмунҳо барои худиҳо, вазифаю мансабро соҳиб шудаанд.

Маҳз чунин худпарастии теъдоде аз масъул аст, ки Сарвари давлат зимни мулоқоте бо намояндаҳои ниҳодҳои қудратӣ онҳоро  гӯшрас карда буд, то маротибе ба аксҳои даҳ сол пеш гиррифтаашон нигаранд. Кӣ буданду имрӯз кӣ шуданд?

Бале, дар баробари таъмини шароити кориву бунёди ҳуҷраву биноҳои замонавӣ ва мошинҳои гаронарзиши хидматӣ, масъулинро дар мадди аввал лозим аст, то ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ҷаҳду талош кунанд, на ба хотири манофеи худ… Як ба фаъолияти чашмраси Сарвари давлат таваҷҷуҳ кунед: Ҳама ҷаҳду талош танҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум асту бас.

Қаблан, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аксар аз масъулин дар биноҳои куҳнаву фарсуда фаъолияти шабонарӯзӣ доштанд ва корашон ҳам маҳсул дошт. Маҳз ҷаҳду талоши онҳо буд, ки Истиқлолият комил гашт.

Побарҷоии иқтисоду рушди он, ягона василаи побарҷоии давлату кишвар аст. Фикр мекунам, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои Вазорати молия ва Кумитаи андоз, ки ду меҳвари асосиву ягонаи таҳкиму рушди иқтисодиёт дар кишвар маҳсуб мегарданд, аз аҳамият холӣ нест.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон

Ростӣ, ки Кумитаи андозро намедонам, аммо дар Вазорати молия дар баробари пирони кор ҳастанд ҷавононе, ки ҷиҳати пушбурди кор хеле фаъоланд. Сарвари ин ниҳоди муҳими давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, ки худ ҷавонмарди соҳибмаърифату соҳибфазланд, дар навбати худ дар ҳар ҷаласаву машваратҳои корӣ қотеъона аз тобеъон талаб мекунад, то  дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои худ саҳлангорӣ накунанд, аз ҳадди ваколатҳои худ берун нашаванд, бо мардум бошанд. Маҳз кордонӣ ва уҳдабароии вазири молия аст, ки масоили молиявӣ як низоми хоссае ба худ касб кардааст.

Сари вақт пардохт кардани нафақаву дастмузди омӯзгорону табибону дигар кормандони маблағҳои буҷетӣ, аз фаъолияти пурсамари кормандони Вазорати молия ва Кумитаи андоз сахт бастагӣ дорад, ки ин нуктаро вазири молияи кишвар пайваста ба тобеъонаш гушрас мекунад. 

Тавре дар боло ишора кардем, танҳо кадрҳои боэътимоду кордону соҳибтахассус метавонанд чархи иқтисодиётро ҳамеша дар гардиш нигоҳ доранд. Ин нуктаро Пешвои миллат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия махсус таъкид карда, масъулини Вазорати молияро вазифадор кард, то  якҷо бо дигар мақомоти масъул ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти кормандони молия ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷониби онҳо баъзан содиршавии амалҳои ношоиста, аз ҷумла, даст задан ба ҷиноятҳои хислати иқтисодидошта ва кирдорҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд.

Воқеан ҳам, эроду нигарониҳои Сарвари давлат саривақтианд. Кадрҳои соҳибтахассус ва кордону уҳдабарои соҳаи молия ба ҳеҷ ваҷҳ даст ба хазинаи давлат намезананд, балки ҳалолкориву поквиҷдонии эшон самару баракат ба онҳо мебахшад. Он теъдод аз ноуҳдабарою соҳибвазифаҳое, ки бо чашмони ҳарису тамаъҷӯӣ сӯи хазинаи давлат нигоҳи нафсомез доранд, маълум аст, ки дар соҳаи худ соҳибтахассус нестанд, ҷойи маърифат нафс онҳоро побанди худ кардааст, ва мусаллам аст, ки тасодуфан ё тариқи ёру ошно мансабро соҳиб шудаанд.

Дар баробари либоси зебо ба бар кардану савори мошинаҳои гаронарзиши хориҷии давлатӣ фаъолият пеш бурдан, ҳар хизматчии давлатиро лозим аст, ки новобаста аз мансабу вазифаи худ фурӯтану заминиву мардумӣ ва дар хизмати халқ бошанд. Дар баробари ғамхориҳои Пешвои миллат ва бовар кардану вазифаи масъулеро ба души соҳибмансабон гузоштан, масъулинро низ лозим аст, то садоқати худро ба Пешвои миллат нишон диҳанд, ба мардум софдилона хизмат намоянд. Ҳар гуна кибру ғурур (бахусус баъзе аз раисони навоҳӣ), худро аз дигарон боло гирифтану муомилаву муносибату муоширати ғайриинсонии теъдоде аз соҳибмансабҳо, эшонро дар пешбурди кор ноком ва аз мардум дур месозад.

Муҳиддин Идизода, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *