Рамазон Қодиров сарбозони русро кушт?

Рамазон Қодиров мегӯяд, ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки дар замони ҷанги Чеченистон дар куштори сарбозони рус даст дошт. Раҳбари Чеченистон, ки бо хабаргузории русии ТАСС сӯҳбат мекард, гуфт, ин суханонро барқасдона ба шабака сар додаанд. «Ин суханонро пайваста доман мезананд, ҳарчанд медонанд, ки дурӯғи маҳз аст», — гуфт Рамазон Қодиров ва афзуд, «бале, дар замони ҷанги аввали Чеченистон силоҳ дар даст бо мардуми худ будам, ман хурд будам, ақл надоштам, аммо ҳамеша дар паҳлӯи падарам будам.»

Қодиров ба суоли ошкорои хабарнигори ТАСС, ки оё сарбозони русро куштааст ё не, посух надод.

Моҳи июли соли 2006 хабарнигори нашрияи «Новая Газета» Юлия Латинина дар мавҷи радиои «Эхо Москвы» гуфт, ки Рамазон Қодиров дар қабулгоҳи намояндаи ваколатдори президенти Русия дар ҳавзаи ҷанубӣ Дмитрий Козак бо садои баланд гуфт, ӯ «аввалин русро дар синни 16-солагиаш куштааст». Ин суханон бо санаде тақвият наёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *