Урзхоҳии «Барқи тоҷик»

Масъулони ширкати «Барқи тоҷик» барои қатъи интиқоли нерӯи барқ дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт узрхоҳӣ карданд. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, рӯзи 28 ноябр тавассути расонаҳои давлатӣ гуфт, ин мушкил дар пайи нуқсони техникӣ дар хатти 110 кВ, ки ба қавли ӯ, «зеристгоҳи “Новая”-ро бо “Заводская” пайваст мекард», ба амал омадааст. «Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд», — афзуд ӯ.

 Муовини аввали раиси «Барқи тоҷик» гуфт, “сабаби пайдо шудани нуқс вобаста ба серборӣ дучор шудани хатти интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи сокинон мебошад.» Маҳмадумар Асозода сарусадоро дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар Душанбе рад кард ва аз сокинон барои пеш омадани чунин мушкил узр хост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *